Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Тоҷикистон хостори тақвияти ҳамкорӣ бо ҷавонони Ҳиндустон шуд

© © Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Комитета по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан Ахтам Абдуллозода
Председатель Комитета по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан Ахтам Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар ба сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон таъкид намуданд, ки хостори тақвияти ҳамкорӣ дар самти татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон мебошанд

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Ахиран раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бо сафири навтаини Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Синг дидрну гуфтугӯ кард.

Флаг индии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Ҳиндустон барои густариши бештари ҳамкориҳо таъкид карданд

Дар ин бора иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо, масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон, рушд ва инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташкили чорабиниҳои дуҷониба, бисёрҷониба, ба роҳ мондани форумҳои гуногун ва конференсияҳои муштарак, чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ ва табодули таҷриба ҷавонони ҳарду кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, дар ин замина барои таъсиси инфрасохтор барои татбиқи ҳамгироии сиёсат давлатии ҷавонон, ташкили семинарҳои муштарак барои устодони варзиш ва ташкили курсҳои кутоҳмуддати таҷрибаомӯзӣ барои ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, ҷонибҳо зимни мулоқот зикр карданд, ки Тоҷикистон ва Ҳиндустон робитаи ногустанӣ дошта, омӯзиши таърих, фарҳанг ва забонҳои кишварҳо барои ҷавонони ҳарду кишвар муфид арзёбӣ гардид.

Ёдрас мешавем, ки муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Ҳиндустон аз соли 1992 оғоз гардида, муносибатҳои дуҷонибаи ҳарду кишварро беш аз 70 созишномаю ёдоштҳои тафоҳуми байниҳукуматӣ ва соҳавӣ ба танзим медарорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала