Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Ҷасорати старшинаи милитсия: ҷавонзани суғдиро аз марг наҷот дод

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Дар Хуҷанд страшинаи милитсия, ҷавоназнии 22 - соларо, ки бо қасди худкушӣ худро аз болои купрук ба сдарё ратофт, наҷот дод

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон, як корманди милитсия аз худкушии сокини Бобоҷон Ғафуров пешгирӣ кард.

Бахтиёр Усмонов на награждении в Совете Федерации - Sputnik Тоҷикистон
Осиёи Марказӣ
Қадрдонии Матвиенко аз кӯдаки 10-солаи тоҷик, ки дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Ба иттилои манбаъ, сокини 22 - солаи ноҳияи мазкур,  рӯзи 1 - уми ноябри соли равон, бо қасди худкушӣ худро аз болои купруки кӯҳнаи шаҳри Хуҷанд ба дарёи Сир партофт.

Зимнан, ин ҳолатро  старшинаи милитсия Одиназода Ҷобир Латиф,  ки дар басти навбатдорӣ қарор дошт, дида худро ба об андохта зани қасди худкушӣ доштаро дар рӯ ба рӯи меҳмонхонаи "Суғдиён" наҷот медиҳад.
Амали сари вақтии милитсионер боис шуд, ки  ин зани ҷавон аз дами  марг наҷот ёфт.

Генерал ба кормандони беҳтарини оперативӣ нишони сарисинагӣ ва мукофоти пулӣ дод

Манбаъ меафзояд, старшинаи милитсия Ҷобир Одиназода 31 сол дошта баъди адои хизмати ҳарбӣ фаъолияти кориашро аз моҳи декабри соли 2010 аз ХД "Муҳофиза"-и ШВКД дар шаҳри Гулистон оғоз намуда, айни ҳол дар ШВКД дар шаҳри Хуҷанд идома дода истодааст.

Барои ғайрату матонат нишондодан милитсионери қатори Одиназода Ҷобир Латиф "Бо медали далери" аз тарафи Вазири умури дохилӣ қадрдони карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала