Ҷудо кардани 12 миллион доллар барои беҳбуди хизматрасониҳои тиббӣ

© Пресс-служба президента РТОлимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото
Олимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бунёди ҷаҳонии маблағгузорӣ баҳри васеъ намудани Лоиҳаи беҳбуди хизматрасониҳои тиббӣ 12 миллион доллар ҷудо хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии вазири тандурустӣ Насим Олимзода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султон Бекмуродзода дар пойтахти ИМА шаҳри Вашингтон қарор доранд.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, дар ҷараёни ин сафар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори Фонди глобалии маблағгузорӣ Муҳаммад Али Пате ва роҳбари Котиботи GFF Моник Владдер вохурӣ намудаанд.

"Соли равон нишондиҳандаи сармояи инсонии Тоҷикистон 0,53-ро ташкил намудааст. Барои беҳтар намудани саломатии мардуми мо ва ҳамчунин  баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидан лозим аст. Вале, ин кори осон нест. Дар назди мо вобаста ба беҳтарсозии иммунизатсия, саломатии ҳамҷониба ва рушди кӯдакон, парастории ҳомиладорон, ғизои солим, беҳтарсозии шароити санитарию гигиенӣ ва ғайра вазифаҳои зиёде ҷиҳати иҷро қарор доранд", - гуфтааст Олимзода.

Ӯ афзудааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои олии худро барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати  зиндагии мардум эълон дошта, фаъолияти худро ба ҳалли масъалаҳое, ки дар Стратегияи миллии рушд пешбинӣ шудаанд, равона намудааст, ки рушди иқтисодӣ, тақвияти сармояву иқтидори инсонӣ, беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ, рушди бахшҳои хусусӣ ва ғайраро фаро мегирад.

Манбаъ афзуда, ки аз ҷониби Бунёди ҷаҳонии маблағгузорӣ 12 миллион доллар маблағи иловагии дуввум баҳри васеъ намудани Лоиҳаи беҳбуди хизматрасониҳои тиббӣ ҷудо карда хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0