Дар соли 2018 дар даргириҳои Сурия ва Ироқ 470 шаҳрванди Тоҷикистон дар кушта шуд

© Sputnik / Михаил Алаеддин / Гузаштан ба хазинаи аксСирийская армия освободила от боевиков территорию военных училищ в Алеппо
Сирийская армия освободила от боевиков территорию военных училищ в Алеппо - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷаи Амрико бо интишори гузориши "терроризм дар соли 2018" аз кушта шудани 470 шаҳрванди тоҷикистонӣ дар даргириҳои Сурия ва Ироқ хабар додааст

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Parstoday”, дар ин гузориш таъкид шудааст, ки бар асоси омори додситонии Тоҷикистон аз миёни ҳазору 900 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар, ки бо пайвастан ба гуруҳҳои террористӣ ба вижа ДИИШ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд 470 нафар дар даргирӣ бо артишҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.

Ҷангиёни ДИИШ дар асорати низомиёни артиши Сурия - Sputnik Тоҷикистон
Додситонии кулл: аз Сурия ва Ироқ 120 шаҳрванди ҶТ бозгардонида шуданд

Ҳамчунин 450 шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндонҳои Сурия ва Ироқ нигаҳдорӣ мешаванд.

Дар гузориши Вазорати умури хориҷаи Амрико ба боздошт ва зиндонӣ кардани аъзо ва ҷонибдорони гуруҳҳои террористӣ дар дохили Тоҷикистон низ ишора шудааст, ки дар чорчуби барномаи мубориза бо терроризм амалӣ мешавад.

Теъдоде аз ин ашхос аз Афғонистон, Сурия, Ироқ ва Русия ба Тоҷикистон бозгашта ва ё ба дархости мақомоти қазоии ин кишвар ба Душанбе истирдод шудаанд.

Аз дидгоҳи мақомоти Тоҷикистон таҷаммуи аъзои гуруҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон таҳдиди ҷиддӣ алайҳи амнияти миллии ин кишвар ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меояд ва зарурати тақвияти марзи муштарак бо Афғонистонро барои муқобила бо таҳаррукоти эҳтимолии ин созмонҳо матраҳ месозад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала