Тими Тоҷикистон аз Аргентина шикаст хурд: футболбозони навраси тоҷик ба хона бармегарданд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкФутбол, архивное фото
Футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи футболбозони навраси Тоҷикистон дар бозии севуми Бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасони то 17-сола дар Бразилия аз тими Аргентина шикаст хурда, аз ҳаққи ширкат дар даври ҳаштякниҳоӣ маҳрум шуд

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Шаби 4-юми ноябр соати 01:00 ба вақти Душанбе Бозии даври охирин дар гурӯҳи “Е” дар шаҳри Кариасикаи Бразилия, дар варзишгоҳи “Estаdio Klеber Andrade”, баргузор гардид.

Мунтахаби наврасони то 17 - солаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Омодагии мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои бозӣ бо тими Аргентина

Дастаи футболбозони навраси то 17-солаи Тоҷикистон аз дастаи Аргентина бо ҳисоби 1 бар 3 шикаст хурданд.

Дар ин бозӣ ду голро ба дарвозаи Тоҷикистон футболбози ҷавони аргентина Франко Ороско  ва яке дигарро Матиас Годой зад.

Голи ягонаи мунтахабаи наврасони Тоҷикистонро ҳамлагар Рустам Соиров дар дақиқаи 81-ум аз ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонд.

Ҳарчанд футболбозони тоҷик барои голзанӣ имконияти зиёд доштанд, аммо натавонистанд аз ин имкониятҳои истифода намоянд.

Ба ин тартиб, дастаи футболбозони навраси то 17-солаи Тоҷикистон (U-17) дар даври ниҳоии мусобиқоти гуруҳӣ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2019 дар Бразилия аз тими Аргентина шикаст хӯрда ва дар гуруҳи “Е” соҳиби ҷои сеюм гардид. Дастаи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ба Душанбе бармегардад.

Дар бозии дуюми ин гурӯҳ дастаи Испания бар дастаи Камерун бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад.

Ҳамин тавр, дар гуруҳи “Е” Испания ва Аргентина, ки ҷои якум ва дуюмро ишғол намуданд ба марҳалаи ҳаштякниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Лентаи хабарҳо
0