Талоши Имомуддин Сатторов барои ҷалби сармояҳои Ҷумҳурии Бошқирдистон ба Тоҷикистон

© © Sputnik / Владимир ТрефиловЧрезвычайный и Полномочный посол Таджикистана в России Имомуддин Сатторов
Чрезвычайный и Полномочный посол Таджикистана в России Имомуддин Сатторов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов барои ҷалби сармояи соҳибкорони Бошқирдистон ба ин ҷумҳурӣ сафари корӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатоторов, зимни сафари кориаш ба Ҷумҳурии Бошқирдистон бо Радий Хабиров, роҳбари ин ҷумҳурӣ мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати коҳои хориҷаи Тоҷикистонн.

Чрезвычайный и Полномочный посол Таджикистана в России Имомуддин Сатторов - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти Сатторов бо Казакова: аз созишҳои Путину Раҳмон то масъалаи афви муҳоҷирон

Бино бар иттилои манбаъ, дар рафти суҳбат, ки масоили марбут ба ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон бо Бошқирдистон ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Бошқирдистон  дорои имкониятҳои фаровони иқтисодӣ мебошад ва Тоҷикистон нияти густариши ҳамкорӣ ва афзудани ҳаҷми тиҷорат ва гардиши молро дорад.

“Дар суҳбат ҳамназарии ҷонибҳо роҷеъ ба доираи васеи масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои рушди тиҷорати дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои фарҳангӣ, ташкили сафарҳои соҳибкорон ва ҷалби сармоя зоҳир гардид”, - афзуд манбаъ.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг баррасӣ шуданд.

Манбаъ қайд кардааст, ки дар мактабҳои олии Бошқирдистон 848 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Ҳар ду ҷониб изҳори боварӣ карданд, ки ин гуфтушунидҳо дар рушди минбаъдаи ҳамкориҳои фарогири Бошқирдистон бо минтақаҳои Тоҷикистон саҳми муассир мегузорад.

Ҳамзамон Имомуддин Сатторов, бо донишҷӯён ва намояндагони диаспораи тоҷик  дар ин минтақа дидору гуфтугӯ кард.

“Дар рафти мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони диаспораи тоҷикон, ки дар Донишгоҳи техникии нафту гази Уфа доир гардид, Сафир роҷеъ ба пешрафтҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон сухан гуфт”, - таъкид кардааст ВКХ Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0