Раҳмон дар Швейтсария масъалаи "ТАЛКО" ва коркарди тиллою нуқраро баррасӣ кард

Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ширкати байналмилалии "Гленкор" (Glencore International AG) Айван Глазенберг масоили муҳими иқтисодиро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Имрӯз, дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Берни Конфедератсияи Швейтсария Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ширкати байналмилалии "Гленкор" (Glencore International AG) Айван Глазенберг мулоқот карданд.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкат ва дигар корхонаҳои бонуфузи Конфедератсияи Швейтсария баррасӣ гардидааст.

Встреча Эмомали Рахмона с президентом Швейцарской Конфедерации Ули Маурер  - Sputnik Тоҷикистон
Сафари Раҳмон дар Конфедератсияи Швейтсария оғоз ёфт

Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки аз муҳимтарин соҳаҳои равобити дуҷониб ба ҳисоб меравад, изҳори қаноатмандӣ карда, шарикии самараноки ширкати "Гленкор"-и Швейтсария бо "ТАЛКО"-и Тоҷикистонро дар соҳаи истеҳсоли алюминий намунаи хуби чунин ҳамкорӣ номидааст.

“Талко” куҳна шуд: Раҳмон қарораш дар бораи корхонаи алюминийро шарҳ дод

Мавриди зикр аст, ки тайи 12 соли охир ТАЛКО ва Гленкор дар маҷмӯъ ба маблағи зиёда аз 4,7 миллиард доллари амрикоӣ амалиёти тиҷоратиро ба анҷом расониданд. Дар назар аст, ки давоми 5 соли оянда ин ду ширкат, тибқи қарордодҳои баимзорасида, ба маблағи якуним миллиард доллари амрикоии дигар ҳамкории тиҷоратӣ ва маблағгузорӣ хоҳанд кард.

Таъкид гардидааст, ки бо дарназардошти имконоти мавҷудаи Тоҷикистон ва иқтидори "Гленкор" ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои ҳар ду ҷониб судманд хоҳад буд.

Қарори Ҳукумат: КВД “Талко” барҳам мехӯраду ҷамъияти нав ташкил мегардад

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба дарёфти роҳҳои нави тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо ҷониби Швейтсария, аз ҷумла бо ширкати "Гленкор" дар соҳаҳои гуногун, пеш аз ҳама, дар татбиқи лоиҳаҳои коркард то ҳолати ниҳоӣ дар конҳои маъдани тилло, нуқра, сурма ва синк табодули андеша карданд.

Манбаъ афзуда, ки ҳамчунин дар ин дидор, истифодаи имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахши энергетика ва дигар соҳаҳои истеҳсолии иқтисоди миллӣ, татбиқи Барномаи таҷдиди иқтидорҳои ширкати "Талко" ва саҳмгузории ширкати мазкур дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон, яъне саноатикунонии иқтисоди мамлакат зарур шумурда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0