"Халқ сарчашмаи ҳокимият аст": Қосим Роҳбар аз интихоботу Конститутсия гуфт

© Sputnik Амир ИсаевКосим Рахбар. Архивное фото
Косим Рахбар. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қосим Роҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳали назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни ҷаласа ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсия гуфт, дар кишвар халқ сарчашмаи ҳокимият мебошад

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik.  Тибқи иттилои Кумитаи рушди маҳалли назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, Қосими Роҳбар зимни ироаи паёми шодбошӣ зикр кардааст, ки Конститутсияи  ҷумҳурӣ муқаррар кардааст, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи марказии ҲҲДТ - Sputnik Тоҷикистон
Президент аз интихоботи соли 2020 ва номзадҳо гуфт: арзандаҳо зиёданд-акс

Ӯ тавзеҳ додаст, ки халқ ҳокимияти давлатиро  бевосита ва ё бо воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.

Қосим Роҳбар хотиррасон кардааст, ки мардуми Тоҷикистон дар арафаи чорабиниҳои сиёсии интихобот ба Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси намояндагон, вакилони маҷлисҳои вакилони халқ ва маҷлиси мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот  қарор доранд.

“Аз ин лиҳоз ҳар як корманди Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба гузаронидани ин чорабиниҳои сиёсии мамлакатамон бояд, дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, ки дар он зиндагӣ менамоем, ҳангоми сафарҳои худ ба деҳа, ҷамоатҳо зиракии сиёсиро аз даст надода, аз ҷиҳати идеологӣ омода бошем, доир ба ин мунтазам донишҳои сиёсии худро баланд бардошта, дар мавзӯҳои ҳадафҳои стратегии кишвар суҳбат кунем”, - изҳор доштаст Қосим Роҳбар.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала