Мулоқоти сатҳи олии Раҳмон ва Макрон дар Қасри Елисей : имзои 11 санади нави ҳамкорӣ

© AFP 2023 / DOMINIQUE FAGETПрезидент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Фаронса музокироти сатҳи олии Эмомалӣ Раҳмон ва Эманнуэл Макрон баргузор шуда 11 санади нави ҳамкорӣ имзо гардид

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Имрӯз сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Фаронса бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Елисей оғоз гардид.

Истиқболи гарм

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои истиқболи Раҳмон саҳни ҳавлии Қасри Елисей бо парчамҳои ҳар ду давлат идона ороста шуда, горди фахрӣ саф кашида буд.

Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Фаронса Эммануэл Макрон гарму самимӣ истиқбол гирифт.

© AFP 2023 / DOMINIQUE FAGETПрезидент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Мулоқоти сатҳи олии Раҳмон ва Макрон дар Қасри Елисей : имзои 11 санади нави ҳамкорӣ - Sputnik Тоҷикистон
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Баррасии масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Нахуст Эммануэл Макрон Эмомалӣ Раҳмонро ба кишвараш хайрамақдам гуфтааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи самимӣ ва пазироии хоса ба ҷониби Фаронса  изҳори сипос карда, қаноатмандии худро аз робитаҳои Тоҷикистону Фаронса, ки дар рӯҳияи эҳтирому назардошти манофеи миллии ду кишвар мунтазам густариш меёбанд, иброз доштааст.

Кишвардорон чиро баррасӣ карданд?

Таъкид гардидааст, ки иқдомҳои созандаи Фаронса дар масъалаҳои тағйирёбии иқлим, мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои амниятӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, ҳамрадифи манофеи Тоҷикистон мебошанд.

Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Фаронса Эманнуэл Макрон дидор кард - видео

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамкории самарабахши машваратҳои сиёсии байниидоравӣ, тавсеаи ҳамкории бештар дар бахшҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, соҳаҳои гуманитариву фарҳангиро, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои авиатсияи гражданӣ, энергетика, логистикаи нақлиётӣ, телекоммуникатсия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ ва фаъолияти муҳандисию машваратӣ, аз самтҳои ояндадори робитаҳои ду кишвар номида шудааст.

Ҷонибҳо зимни мулоқот густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, кимиёвӣ, металлургияи сиёҳ ва ранга, аз ҷумла истеҳсоли алюминийро, афзалиятнок ва муҳим арзёбӣ кардаанд.

Саҳми ширкатҳои фаронсавӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторию энергетикӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, ҳамчунин дар бахшҳои гуногуни иҷтимоӣ ва хусусӣ, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ, таъкид гардидааст.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамкории ҷонибҳо дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Иттиҳоди Урупо баррасӣ шудааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки "кишварҳои моро манфиатҳои муштараки байналмилалӣ, яъне таъмини рушди устувор, таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди таҳдидҳои амниятӣ ва пешбурди ташаббусҳои созандаи глобалӣ, ба ҳам мепайванданд".

Ҷонибҳо аз дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии якдигар изҳори қаноатмандӣ карда, қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”-ро намунаи чунин иқдомот номидаанд.

Мулоқот бо Шоҳзода Карим Оғохони lV  - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти Раҳмон бо Шоҳзода Карим Оқохони lV дар Фаронса

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба мубориза ба муқобили хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ - терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, савдои инсон, табодули андеша кардаанд.

Таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон, хостори тақвияти ҳамкорӣ бо ҳама ҷонибҳои манфиатдор дар ин самт ҳаст, зеро таъмини амнияти Афғонистон омили муҳими суботи миллӣ ва тамоми минтақаро ташкил медиҳад.   

Дар рафти суҳбат Эммануэл Макрон пешниҳод намудааст, ки муколамаи миёни Ҷумҳурии Фаронса ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо таъсис дода шавад.

Дар охири мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон даъват кардааст, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф орад.

Манбаъ афзуда, ки даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Санадҳои нави ҳамкорӣ

Пас аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Эммануэл Макрон 5 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст:

  • Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия оид ба алоқаи ҳавоӣ;
  • Эъломияи ҳамкорӣ дар соҳаи сайеҳӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Урупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия;
  • Эъломия оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумхурии Фаронса ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи 2019-2023;
  • Эъломия оид ба ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Урупо ва корҳои хориҷии Ҷумхурии Фаронса оид ба ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Фаронсавии тадқиқоти Осиёи Марказӣ (IFEAC);
  • Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкории таҳсилотӣ байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Порис 1 Пантеон-Сорбонна

Дар маҷмӯъ дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Франсия 11 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Лентаи хабарҳо
0