Ҳалокати як зан ва ҷароҳати 12 тан дар паи таркишҳо дар Бишкек - видео

Обуна шудан
Дар паи таркиш ва сӯхтор як зан - корманди нуқтаи тезтайор дар шаҳри Бишкек ба ҳалокат расид. 12 тани дигар ҷароҳатдор шуд

Имрӯз, 8 ноябри соли 2019 дар маркази шаҳри Бишкек се таркиш рух дод. Тибқи иттилоъ нуқтаи ғизои тезтайор таркидааст.

В центре Бишкека на пересечении проспектов Чуй и Эркиндик произошли три взрыва на месте пожара — горит точка фастфуда Антошка на пересечении проспекта Эркиндик и улицы Киевской - Sputnik Тоҷикистон
Се таркиш дар маркази шаҳри Бишкек - аксу видео

Нуқтаи ғизоҳои тезтайори "Антошка" дар буриши хиёбонҳои Эркиндик ва Киевский дар гирифт.

Бино ба гузориши Sputnik Қирғизистон дар паи таркиш як зан ҷон бохта 12 тани дигар, ки миёни онҳо кӯдакон низ будаанд, маҷрӯҳ шуданд.

Се кӯдак бо мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон интиқол дода шуда пас аз ташхиси пизишкон ба табобати амбулаторӣ фиристода шуданд.

Нӯҳ захмии дигар дар бемористон бистарӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ки феълан сӯхтори нуқтаи ғизои тезтайор хомӯш карда шудааст.

Дар ҷои ҳодиса кормандони мақомоти қудратӣ кор мебаранд.

Лентаи хабарҳо
0