Садамаи маргбор: ҳалокати дучархарон ва пиёдагарди 32 - сола

CC0 / Pxhere / Велосипед на тропинке, архивное фото
Велосипед на тропинке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду садамаи нақлиётӣ давоми ду шабонарӯзи ахир хабар медиҳад, ки боиси ҳалокати ду нафар гардид

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Ба иттилои ВУД Тоҷикистон, рӯзи 6 - ноябри соли равон, ба айби ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Ҳайдаров Зафари 34 - сола, сокини деҳаи Мавлавии ноҳияи Рӯдакӣ як ҷавони 32 - сола ба ҳалокат расид.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Кӯлоб: ронандаи маст 4 кушта барҷой гузошт

Манбаъ меафзояд, ронанда ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ғоибов Дилшод,  сокини деҳаи Сомони ҳамин ноҳияро пахш намудааст. 

Ҳалокати зану мард дар ду садамаи нақлиётӣ дар Тоҷикистон

Дар натиҷа, пиёдагард  ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВУД ҳамчунин аз як садамаи маргбори дигар хабар медиҳад, ки дар роҳи мошингарди пойтахт рух додаст.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 7-уми ноябри соли 2019, тахминан соати 13:35-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес Бенс-D208", Муродов Мирзои 53 - сола, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Гастелло аз самти кӯчаи Ҳувайдуллоев пойтахт аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Кажеников Олеги 36 - сола, сокини кӯчаи Борбадро пахш намудааст.

Садамаи маргбор дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ”: ронандаи “ВАЗ-2106” ба ҳалокат расид

Дар натиҷа, Кажеников ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0