Кушта шудани “Сайфуллоҳ – ака” ва як узбакистонии дигар дар шимоли Афғонистон

Бар асари як амалиёти нерӯҳои амниятӣ ду шаҳрванди Узбакистон дар шимоли Афғонистон кушта шуданд, гузориш доданд мақомоти афғон

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ, сухангӯи корпуси 209 “Шоҳин” – и Вазорати дифои Афғонистон, 11 ноябр ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки дар пайи як амалиёти тасфиявӣ дар вилояти Форёб ду шаҳрванди Узбакистон, ки ҳуввияти танҳо як нафари онҳо ба номи “Сайфуллоҳ Ака” исбот шудааст, кушта шуданд.

Пограничники на таджикско-афганской границе - Sputnik Тоҷикистон
Вакили Думаи давлатӣ: "Доиш"-иҳо метавонанд тариқи Тоҷикистон ба Русия оянд

Вай афзуд, онҳо аз ҳамдастони гурӯҳи Толибон буда, дар канори онҳо алайҳи нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон меҷангиданд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии корпуси 209 “Шоҳин” – и вазорати дифои Афғонистон, ҳанӯз дақиқ нашудааст, ки онҳо ба кадом созмони террористӣ мансуб ҳастанд, аммо дар гузашта онҳое, ки аз ҷумлаи шаҳрвандони хориҷӣ зинда дастгир шудаанд, худро марбут ба Ҳаракати исломии Узбакистон ва Ҷундуллоҳ муаррифӣ карда буданд.

 Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ дар шарҳи ин хабар гуфт, ин ду табааи узбакистонӣ дар пайи як амалиёти муштараки тасфиявӣ ба унвони “Шоҳин 607”, ки таҳти фармондеҳии Валимуҳаммад Аҳмадзай, фармондеҳи корпуси 209 “Шоҳин” дар вулусволиҳои чаҳоргонаи Андхуии вилояти Форёб роҳандозӣ гардид, дар қатори 40 толиб, ба шумули 7 фармондеҳи матраҳи онҳо кушта шудаанд.

Кадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе - Sputnik Тоҷикистон
Нашри видеои савгандёдкунӣ: “ДОИШ” гуфт, инҳо муҳоҷимон ба марзи Тоҷикистонанд

 Вай афзуд, дар як ҷанги заминӣ бо кумаки ҳавоии тайёраҳои ҷангии вазорати дифои Афғонистон Мавлавӣ Муҳаммадраҳим, қозии номниҳоди Толибон барои вулусволиҳои чаҳоргонаи Андхуӣ, Фидомуҳаммад, машҳур ба фарзанди Отамуроди Кӯр, фармондеҳи “Қитъаи сурх” – и Толибон барои вулусволии Қурғон, Мулло Абдулҳаким, машҳур ба Билол, муовини номиниҳоди вулусвол барои Андхӯй, Мавлавӣ Муҳаммадқосим, Муҳибуллоҳ ва Муҳаммадсодиқ, фармондеҳони гурӯҳ дар деҳаҳои Меҳроб ва Сулдузтеппаи вулусволии Қурғон низ ба ҳалокат расидаанд.

“Дар ин даргирӣ ба мардуми мулкӣ ва неруҳои амниятӣ кадом осеб нарасида, як қабза рокетандоз ва як мил “Калашников” ба дасти неруҳои амниятӣ афтодааст. Афзун бар талафоти маргбор ва ба даст омадани таҷҳизоти низомии даҳшатафканон 7 толиби дигар захмӣ шудааанд, ки дар байни онҳо афроди матраҳу калидӣ, ба номҳои Мавлавӣ Рафиқ, муовини вулусволи номниҳоди Толибон барои вулусволии Қарамқул, Қорӣ Забир, масъули ҷамъоварии ушр ва закоти вулусволии Қурғон ва Мулло Мухтор аз саргурӯҳҳои Толибони вулусволии Шӯртеппаи вилояти Балх шомил мебошад” – мегӯяд Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ.

Боевики ИГ (террористическая организация, запрещена в РФ) и движения Талибан в полицейском отделении в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамлаи террористӣ ба постгоҳи марзии Тоҷикистон ин қасам ба халифаи нав буд

Тайи ин амалиёти нерӯҳои амниятии Афғонистон вулусволиҳои Қурғон ва Андхӯйи вилояти Форёб аз вуҷуди Толибон ба пуррагӣ поксозӣ шудааст. Ин ду вулусволии вилояти Форёб ҳастанд, ки аз шимол бо кишвари Туркманистон ҳаммарз аст. Ҳамчунин, бино ба иттилои дафтари матбуоти корпуси 209 “Шоҳин” – и вазорати дифои Афғонистон, рӯзи якшанбе, 10 ноябр, амалиёти “Шоҳин 216” дар вилояти Сарипул роҳандозӣ шуд, ки дар натиҷа неруҳои муштараки амниятӣ 9 фарди машкукро дастгир ва 50 ҳалқа минаи зиддифард ва васоити дигарро кашфу инфиҷор доданд. “Ҳамчунин се қароргоҳи собити марбут ба Зарқобӣ, Ҳусайн Ифтихорӣ ва Бадрӣ, аз фармондеҳони барҷастаи Толибон тахриб ва аз байн бурда шуда, 9 мотосикл, як мухобираи “Токи Воки” ва таҷҳизоти низомӣ ба даст омада, деҳаҳои Бағовии Улё, Бағовии Суфло, Бағовии Афғония, Бағовии Ӯзбакия, Бағовии Балуч ба сурати комил поксозӣ гардидааст.

Кадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе - Sputnik Тоҷикистон
ДОИШ масъулияти ҳамлаи 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи "Ишқобод"-ро бар уҳда гирифт

Дар ин амалиёт низ ба мардуми мулкӣ ва неруҳои амниятӣ ҳеҷ осебе нарасида ва амалиёт идома дорад,” – мегӯяд Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ. Амалиёти густарда алайҳи пойгоҳҳои созмони мамнуъи Толибон дар шимоли Афғонистон дар ҳолест, ки вақтҳои охир аз тақвият ёфтани мавқеи гурӯҳи террористии ДОИШ ва ҷангиёни хориҷӣ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, Русия ва Чин дар шимоли Афғонистон бонги хатар зада мешавад.

Гурӯҳи ДОИШ иддао дорад, ки ҳатто дар Тоҷикистон низ амалиёт кардааст ва афродаш аз марзи Афғонистон ба хоки он кишвар гузаштаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки вазорати дифои Афғонистон аз саркӯб шудани гуруҳи ДОИШ дар ин кишвар хабар дод. Аммо ин пирӯзии он ба вилояти Нангарҳор, ки пойгоҳҳои асосии ин гуруҳи террористӣ дар он мустақар буданд, марбут мешавад. Ба ҳамин хотир, иддае ҳам бар инанд, ки ДОИШ аз ҷануби Афғонистон ба ҷониби Шимоли он маҷбур ба фирор карда мешаванд ва ин як барномаи хосест, ки дар хориҷ аз Афғонистон омода шуда, тариқи ҳамдастони онҳо дар дохили он кишвар, минҷумла ҳукумати он, пиёда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала