Расулзода Валиаҳди давлати Кувайтро ба Тоҷикистон даъват кард

© Sputnik / Амир ИсаевПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарвазири Тоҷикистон Қаҳир Расулзода, ки дар раъси ҳайати ҳукумат дар Кувайт қарор дорад, Валиаҳди ин давлат Шайх Нувоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳро ба Тоҷикистон даъват намудаст

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Дирӯз сафари сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар раъси ҳайати ҳукуматӣ ба Давлати Кувайт оғоз гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Персидская вязь - Sputnik Тоҷикистон
Роҳандозии омузиши забони форсӣ дар Донишгоҳи давлатии Кувайт

Ба иттилои манбаъ, пас аз маросими истиқболи расмӣ мулоқоти Расулзода бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Нувоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саёҳат, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд.

Сарвазири Тоҷикистон аз Валиаҳди Давлати Кувайт ҷиҳати боздиди расмӣ аз Тоҷикистон даъват намуд. Валиаҳди Давлати Кувайт даъвати мазкурро пазируфта, таъкид намуд, ки дар замони муносиб аз кишвари дӯст боздид хоҳад кард.

Қоҳир Расулзода ба Кувайт сафар мекунад

Инчунин мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Шӯрои Вазирони Давлати Кувайт Шайх Ҷобир ал-Муборак ал-Ҳамад ас-Сабоҳ баргузор шуд, ки дар он ҳолат, дурнамо ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ  байни ду давлати дӯст баррасӣ гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0