Дар Теҳрон иҷлоси муштараки консулии Эрон ва Тоҷикистон баргузор шуд

© Фото : ParstodayОткрытие в Таджикистане постоянной выставки иранской продукции
Открытие в Таджикистане постоянной выставки иранской продукции - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чуҳорумин иҷлоси муштараки консулии Эрон ва Тоҷикистон дар Теҳрон баргузор шуд. Дар поёни чаҳорумин Иҷлоси муштараки консулии Эрон ва Тоҷикистон суратҷаласаи музокиротро дар 15 банд имзоъ карданд

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории “Parstoday”, дар чаҳорумин Иҷлоси муштараки консулии Эрон ва Тоҷикистон ба раёсати Алиасғари Муҳаммадӣ мудири кулли консулии Вазорати умури хориҷаи Эрон ва Низомуддин Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон дар Теҳрон баргузор шуд.

Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Эрон дар Душанбе вобаста ба даргузашти Валӣ Самад ба Тоҷикистон таслият гуфт

Бино бар иттилои манбаъ, ду тараф бо истиқбол аз раванди ру ба рушди ҳамкории мусбат ва созандаи ду кишвар ба вижа ҳамкории консулӣ, бар иртиқои ҳар чи бештари ин равобит таъкид карданд.

Истиқбол аз авф ва озодии шаҳрвандони зиндонии Эрон ва Тоҷикистон лузуми тасҳил ва тасреъ дар судури визаи шаҳрвандони ду кишвар, зарурати таомул дар ҷиҳати пешгирӣ аз вуруд ва иқомати ғайриқонунии шаҳрвандони ду кишвар дар хоки якдигар, муборизаи муштарак бо қочоқбарони инсон ва ҷурмҳои созмонёфта, лузуми ҳамкории ҳуқуқӣ ва қазоӣ ва ниҳоисозии санадҳои марбута аз дигар меҳварҳои мавриди таъкид дар ин нишаст буд.

Манбаъ цайд намудааст, ки дар поёни чаҳорумин Иҷлоси муштараки консулии Эрон ва Тоҷикистон Алиасғари Муҳаммадӣ мудири кулли консулии Вазорати умури хориҷаи Эрон ва Низомуддин Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон дар Теҳрон суратҷаласаи музокиротро дар 15 банд имзоъ карданд.

Лентаи хабарҳо
0