Кӯмаки навбатии Бунёди Оқохон ба Бадахшон

© КЧС ТаджикистанаАгентства Ага Хана по Хабитат оказала помощь спасательным отрядам КЧС
Агентства Ага Хана по Хабитат оказала помощь спасательным отрядам КЧС - Sputnik Тоҷикистон
Агентии Оқохон оид ба макони зист ба воҳидҳои наҷотдиҳии Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷҳизоти нави имдодӣ тақдим намуд

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ аз Агентии Оқохон оид ба макони зист кӯмаки техникӣ дарёфт намудаст, хабар медиҳад котиботи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон.

Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бунёди Оқохон дар маркази ВМКБ 6 майдони варзишӣ ва мактаб месозад

Ба иттилои манаъ, дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода миёни КҲФ ва Агентии Оқохон оид ба макони зист дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ маросими таҳвили воситаҳои техникӣ баргузор шуд. 

Суханронии Аълоҳазрат Оқохони IV ва Эмомалӣ Раҳмон дар маркази исмоилия - видеои таърихӣ

Дар маросими тақдими техникаи имдодӣ Раиси КҲФ полковник Салимзода, муовини Раиси Ҳукумати ВМКБ Мирзонаботов, Сарвари Агнентии Оқохон оид ба макони зист  Ҳодӣ Ҳусайнӣ ширкат карданд. 

гуфта мешавад, 23 борхалтаи махсус, ки дар дохили ҳар кадом то 10 номгӯ воситаҳои зарурӣ барои роҳандозии корҳои садамавиву наҷот, аз қабили тоскулоҳҳои наҷот, айнакҳо, доруқуттӣ, фонусҳо, дастпӯшҳо, сихҳои  наҷот ва ғайра ба Дастаи наҷотдиҳии Раёсат супурда шуд.

Баҳси чархболи Оқохон ва Раҳмон: вокуниши мақомоти Бадахшон ба шарҳи "Ҳасан ибн Сабоҳ"

Ба иттилои раҳбари агентии Оқохон оид ба макони зист, кӯмаки техникӣ ба воҳидҳои наҷоти КҲФ дар ноҳияҳои минтақаи Рашт низ расонида ҳоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала