Ҳушдори вазири Эрон аз амалиёти "ДОИШ" дар Тоҷикистону Узбакистон

Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, аз амалиёти “ДОИШ” дар қаламрави Тоҷикистону Узбакистон ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Вазири умури хориҷии Эрон баъди қатли Абӯбакри Бағдодӣ, раҳбари Давлати худхондаи исломӣ дар мусоҳиба бо “India Today TV” гуфт, гузоришҳо мерасанд, ки омилони ДОИШ дар ҳоли анҷоми амалиёт дар Тоҷикистону Узбакистон аз пойгоҳҳои худ дар Афғонистон ҳастанд.

Кадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамлаи Анвар бо хешон ва дасти тоҷирони Корвон: 21 кушта дар "Ишқобод"

“Ин гузоришҳо таҳаввулоти бисёр ҷиддиянд. Мо ба таври рӯзмарра бо дӯстони ҳиндии худ дар робита бо ҷобаҷоии ДОИШ ва таҳдиди ношӣ аз ин иқдомот ҳастем. Мо ҳамчунин бо Покистон, Русия ва Чин дар тамос ҳастем. Ин мавзӯъе аст, ки метавонад ҳамаи моро муттаҳид кунад", - хабар додаст сомонаи India Today аз қавли Зариф.

Вай дар мавриди нақши ИМА дар мубориза алайҳи ДОИШ дар Афғонистон гуфтааст, "Амрико ба наҷоти мо нахоҳад расид. Мо бояд ба якдигар кӯмак кунем”.

Ба иттилои сомонаи Indiatoday, ин суҳбати Ҷавод Зариф, баъди кушта шудани Абӯбакри Бағдодӣ дар Сурия сурат гирифтааст. Бағдодӣ 27 октябр дар пайи як амалиёти ИМА дар Сурия кушта шуда буд.

Дар ҳамин ҳол шаби 6 ноябр ҳамла ба дидбонгоҳи марзии “Ишқобод” сурат гирифт, ки ба иттилои мақомоти Тоҷикистон аз ҷониби ҷангиёни “ДОИШ” амалӣ шудааст.

Боевики ИГ (террористическая организация, запрещена в РФ) и движения Талибан в полицейском отделении в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамлаи террористӣ ба постгоҳи марзии Тоҷикистон ин қасам ба халифаи нав буд

Гуруҳи террористии ДОИШ бо интишори баёнияе дар сомонаи Аъмоқ масъулияти ҳамла ва куштани 10 тан аз низомиёни тоҷикро бар уҳда гирифтааст.

Пеш аз ин мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон шумори нерӯҳои ҳукуматии кушта шуда дар ин даргириро ду нафар ва талафоти муҳоҷимонро 15 тан эълом карда буданд.

Аммо манобеи хабарии мустақил бо истинод ба маросими хоксупории ҷанозаи низомиёни кушташуда дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон шумори талафоти марзбонони тоҷикро 6 нафар эълом кардаанд.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар дода буданд, ки шаби 6 - уми ноябр як гурӯҳи 20-нафарии ниқобдор ба дидбонгоҳ дар марз бо Узбакистон ҳамла карданд, ки ба гуфтаи мақомот 15 ҳамлагар кушта шуда, 5 нафарашон боздошт гардиданд. ВУД Тоҷикистон хабар дод, ки 4 нафар дастгир шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала