Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон

Бо амру фармони раисиҷумҳур ва қарорҳои тозатарини Ҳукумати Тоҷикистон, ки президент, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, метавонед дар бахши вижаи Sputnik Тоҷикистон шинос шавед.

Қарори нави Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи “Фароз” ва мусофирбарӣ

© Пресс-служба Президента УзбекистанаЭмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат ба ширкати “Фароз” барои бунёди терминал дар самтҳои Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода замин ҷудо кард

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Ҳукумат қарор кардаст, ки аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии “Эҳсон”-и ноҳияи Рӯдакӣ 3 гектар замин ба ҶСП “Фароз” барои бунёди терминали масири Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав ҷудо карда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми додани мукофот ба Шамсулло Соҳибов, соҳибкор - Sputnik Тоҷикистон
Чиро сохту ба кӣ чанд сомонӣ кумак кард? Кумита хизматҳои Шамсулло Соҳибовро гуфт

Бар асоси қарори Ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи равон имзо кардааст, ширкати “Фароз” муваззаф гардидааст, талафот барои аз гардиши кишоварзӣ берун мондани замини мазкур дар ҳаҷми 384 ҳазор сомониро ба буҷа пардохт кунад.

Тасмим барои сохтмони терминали ҷадиди масири шаҳру навоҳии Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода дар ҳолест, ки феълан бисёри мусофирбарҳо дар ин самт аз маҳаллаи маъруф ба “Зарнисор”-и Душанбе ҳаракат мекунанд. Бархе аз сокинон шикоят мекунанд, ки бетартибӣ дар ҳаракати мусофирбарҳо аз ин маҳалла баъзан боиси танбашавии мошинҳо мегардад.

Мансабҳои домодҳои "эрка"-и раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ

Моҳи сентябри соли равон Ҳукумати Тоҷикистон қарор карда буд, ки дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд, аз ҷумла Панҷакент, Исфара ва Мастчоҳ ба ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Фароз” барои бунёди терминалҳои байналмилалии автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ замин ҷудо карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала