Сафорати Русия қазияи бедарак шудани сайёҳи русро дар Хингоб таҳти назорат гирифт

CC0 / Pixabay / Походный рюкзак
Походный рюкзак - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони сафорати Русия дар Тоҷикистон қазияи бедарак шудани гардишгари русро дар дарёи Хингоб, таҳти назорат гирифтанд

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Сафорати Русия дар Тоҷикистон, қазияи бе ному нишон шудани гардишгари рус Ирина Третяковаро дар Тоҷикистон пайгирӣ мекунад, хабар дода мешавд, дар торномаи ҳамин ниҳод.

Тибқи иттилои манбаъ, амалиёти кофтукови ҷасади сайёҳи рус феълан аз ҷониби наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон бурда мешавад.

Намояндагони сафорати Русия дар Тоҷикистон қазияи бедарак шудани гардишгари русро дар дарёи Хингоб, таҳти назорат гирифтанд ва бо аҳли хонаводаи Третякова дар алоқа ҳастанд.

Природа Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боқимондаҳои ҷасади сайёҳи рус, ки дар рӯди Хингоб ғарқ шуда буд, пайдо гардид

Ёдовар мешавем, ки Ирина Третякова ҳамроҳ бо панҷ гардишгари дигар аз Русия ба Тоҷикистон ба саёҳат рафта буд. Чор тани онҳо шаҳрвандони Русия ва як нафар сокини шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон буданд.

КҲФ: ҷасади сайёҳи руси 60-сола то ҳол пайдо нашуд, ҷустуҷӯ идома дорад

Ахиран ҳуҷҷатҳои ӯро як тими шикорчиён дар ноҳияи Сангвор дарёфт карданд. Тимур Исматов, молики шикоргоҳ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ҳамкорони ӯ  бозмондаҳои ҷасад ва мӯйи сарро пайдо кардаанд.

"Маро ба ҷойи ҳодиса даъват карданд. Вақте рафтем, борхалта (рюкзак) ёфтем. Дар дохилаш шиносномаи Ирина Третякова ва корти бонкӣ, беш аз 16 ҳазор рубли русӣ ва 200 доллар буд. Зуд ба кормандони Шӯъбаи умури дохилӣ хабар додем ва онҳо омада ташхис карданд ва барои ташхиси ДНК мавод гирифтанд", - нақл кард Исматов.

Мақомот гуфтанд, натиҷаи ташхисро интизоранд.

Дар рӯди Хингоб сайёҳи рус ғарқ шуд

Ҳамзамон Исматов илова намуд, ки эҳтимол дарё ҷасадро тақрибан ду километр поинтар бурда, ба соҳил ҳаво додааст, аммо дар ин фурсат ҳайвонҳои ваҳшӣ, ба эҳтимоли зиёд хирсҳо, ҷасадро хӯрдаанд ва аз он қисмати мӯй ва порчаҳои алоҳида ва устухон мондаасту бас.

Ирина Третякова ҳамроҳ бо панҷ гардишгари дигар аз Русия ба Тоҷикистон ба саёҳат рафта буд. Чор тани онҳо шаҳрвандони Русия ва як нафар сокини шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон буданд.

Третякова Ирина Олеговна, соли таваллуд 1959, Колпаков Александр Василевич, соли таваллуд 1988, Колпаков Алексей Александрович, соли тавалуд 1988, Ретман Георгий Гиоргевич, соли таваллуд 1941 ва  Ким Виктория Семёновна,  соли таваллуд 1962.

Лентаи хабарҳо
0