Тақвияти ҳамкориҳои ширкати итолиёвии “Carrera” дар вилояти Суғд

Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбари ширкати итолиёвии “Carrera” таъкид дошт, ки мақомоти вилоят барои тақвияти ҳамкориҳо бо ин шикрат омода аст

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Ахиран дар бинои мақомоти ҳукумати вилояти Суғд мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят ва роҳбари ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла анҷом ёфт.

Зимни мулоқот раиси вилояти Суғд, барои тақвияти ҳамкориҳо таъкид кард.

Супоридани эътимодномаи сафири тоҷик ба президенти Италия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Президенти Италия эътимодномаи сафири тоҷикро қабул кард

Вай зимни мулоқот қайд кард, ки ширкати истеҳсолии “Carrera” солиёни зиёд аст, ки ба истеҳсоли либосҳои пахтагин машғул буда, маҳсулоти ширкат харидорони худро дорад.

“Бо назардошти ин омил таъкид шуд, ки воридсозии хатҳои нави технологӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли шиму костюм ва либосҳои бачагона ба манфиати кор мебошад. Зеро дар вилоят пахта фаровон буда, захираву имкониятҳо барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсол басанда аст”, - гуфт Аҳмадзода.

Ҳамзамон роҳбари ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла зикр намудааст, ки истеҳсоли фаровони пахта дар Тоҷикистон имконият медиҳад, ки фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият бахшида шавад.

Вай таъкид кардааст, ки барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи муштараки  “Carrera” ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар якҷоягӣ бо шарикони тоҷикистонии худ аз имкониятҳо истифода хоҳанд кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, дар вилояти Суғд то соли 2021 300 корхонаи саноатӣ бунёд хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, аз оғози соли 2018 то имрӯз бошад 179 корхонаи нави саноатӣ таъсис ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0