Футболбозии Ёдгор Файзов ба навор афтод - аксҳо

© Пресс-служба председателя ГБАОЁдгор Файзов ҳингоми футболбозӣ
Ёдгор Файзов ҳингоми футболбозӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар интернет аксе нашр шудааст, ки дар он раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, футболбозӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Рӯзи 16 ноябр дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғи ВМКБ майдончаи нави варзишӣ ифтитоҳ шудааст.

Дар ин бора сухангӯи дастгоҳи раиси вилоят, Ғолиб Ниятбеков хабар додааст. Тибқи иттилои манбаъ, майдончаи варзишӣ ба муносибати Рӯзи президент, ифтитоҳ шудааст.

Гуфта мешавад, ки ин майдон бо ташаббус ва дастгирии Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба истифода дода шудааст.

Дар маросими кушодашавии майдончаи варзишӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва ноиби Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ширкат ва суханронӣ намудаанд.

Дафтари матбуотии раиси вилоят, аксеро нашр кардааст, ки дар он Ёдгор Файзов футболбозӣ мекунад.

Манбаъ афзуда, ки дар шаҳри Хоруғи ВМКБ Бадахшон аз тарафи Рустами Эмомалӣ 5 майдончаи варзишӣ бо тарҳи замонавӣ сохта ба истифода дода мешаванд, майдони варзишии мазкур 3-юмин майдончаи варзишӣ буда, ду майдончаи дигари варзишӣ барои Футболи хурд то баҳори соли 2020 сохта мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0