Хона гирифтанду пул надоданд: шикояти зани 54-сола ба милиса

© Sputnik / Стас ЭтвешСомони и доллары, архивное фото
Сомони и доллары, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолати қаллобӣ ҳангоми харидуфурӯши хона дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Зани 54-сола, сокини ноҳии Рӯдакӣ ба идораи милиса аз фиребкории ҷавони 20-сола, сокини шаҳри Душанбе ва марди 31-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ шикоят кард, хабар дод ВУД Тоҷикистон.

Пулҳои сокини Восеъ, ки ба бонк бовар накарда дар сандуқ нигоҳ дошт, тӯъмаи дузд шуданд

Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки афроди мазкур хонаашро 190 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, гирифтаанд, аммо то ҳол маблағашро надодаанд. Зани ҷабрдида таъкид намудааст, ки харидуфурӯш моҳи апрели соли равон сурат гирифтааст.

“Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза зани 54-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2019, марди 20-солаи сокини шаҳри Душанбе ва марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Сомониёнро ба маблағи 190 000 сомонӣ нархгузорӣ карда,  гирифтаанд, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидаанд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон таъкид намудаанд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0