Ҷоизаи Нобел: Чаро Эмомалӣ Раҳмон арзанда аст?

Обуна шудан
Афзалшоҳ Бобозода, муовини декан оид ба илм ва Заррина Саидова, донишҷӯи соли 3-юми факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи идоракунии давлатии Тоҷикистон, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҷоизаи Нобел пешниҳод карда буданд, дар як матлабе далоили худро шарҳ додаанд

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ин матлаб дар сафҳаи Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон таҳти унвони “Корномаҳои таърихии Пешвои миллат” нашр шуда, муаллифон 5 вижагии Эмомалӣ Раҳмонро барои арзандагӣ ба дарёфти Ҷоизаи Нобел ташхис додаанд.

Ба бовари муаллифон, аз соли 1992 ба ин сӯ Эмомалӣ Раҳмон барои Тоҷикистон ва ҷаҳон корҳои бузургеро ба анҷом расондаву мерасонад, ки аввалини онҳо, хатму баргардонидани фирориёни ҷанги дохилии Тоҷикистон ва имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии соли 1997 аст.

Празднование Дня Президента в Академии государственного управления при Президенте Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Академия расман Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҷоизаи Нобел пешниҳод кард

 “Дар ин хусус, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннон соли 1999 гуфта буд: “Президенти Тоҷикистон намунаи ибрати аз зӯроварӣ даст кашидан дар ҳалли зиддияти дохилимиллиро нишон дод”, - овардаанд муаллифон.

Далели дуввум - “поягузории давлати демократӣ” дар Тоҷикистон - ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ шудааст. Муаллифон мегӯянд, гурӯҳҳои мухолифини давраи ҷанги шаҳрвандӣ чунин шакли ҳокимиятро намехостанд, аммо соли 1994 аз роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсия қабул ва президент интихоб шуданд, ки заминаи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани Тоҷикистонро фароҳам ва халқи онро “қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ” муаррифӣ карданд.

Далели сеюм муҳофизати фарҳанги миллати тоҷик аз таҳоҷуми фарҳангии аҷнабӣ ва мууаррифии он дар сатҳи ҷаҳонӣ гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар саргаҳи ин муқовимат истодааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба Ҷоизаи Нобел пешниҳод карданд

“Мо имрӯзҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ низ дида истодаем, ки марказҳои тамаддунӣ, фарҳанги ҷаҳониро аз байн бурда истодаанд. Зеро мамлакатҳои абарқудрати дунё дар роҳи системасозии минтақаҳои ҷаҳонӣ ба фарҳанги худ такя мекарданд ва мекунанд. Аз ин лиҳоз, асри XXI-ро (асри) “бархӯрди фарҳангҳо” номидан хато нест. Ман, ифтихор аз он мекунам, ки Эмомалӣ Раҳмон ин ҷиҳати ҳассосро ба хубӣ дарк кард ва гуфт: “Фарҳанг ҳастии миллат аст”, - омадааст дар матлаб.

Далели чоруми онҳо аз аввалин муборизони алайҳи терроризму экстремизм дар сатҳи ҷаҳонӣ будани Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳанӯз 30 сентябри соли 1993 зимни нахустин суханронӣ аз минбари СММ гуфта буд: “Терроризми байналхалқӣ, ифротгароии динӣ ва қазияи Афғонистон ҳалли низомӣ надорад”.

Муаллифон суханони Президенти Шӯрои равобити байналмилалии Аврупо Антон Караҷаро иқтибос мекунанд, ки гуфта буд: “Мо ҳамагон, дӯстони башарият, пайи суроғи шахсиятҳои фарзонае ҳастем, ки қарни моро дигаргун сохта, бо амал, идрок ва нерӯи ҳастии худ суботи ҷаҳонро барои мову шумо таъмин мекунад. Мо ба он мақсад омадем, то ба Пешвои асри ХХI, ба марде, ки дар замони низоъу ҷанги шаҳрвандӣ роҳи сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро барои кишвараш интихоб кард, марде, ки дар замони таназзулу буҳрон пешрафту шукуфоии мамлакаташро таъмин кард. Марде, ки дар ҳамдастӣ ва ҳамзистӣ бо мардуми худ дар кори эҷоди ояндаи неки кишвар, минтақа, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва инсоният талошҳои хастанопазир меварзад, изҳори қадрдонӣ кунем. Ин шахс Президент Эмомалӣ Раҳмон аст".

Нобелевская награда - Sputnik Тоҷикистон
Ҷоизаи Нобел дар риштаи адабиётро кӣ соҳиб шуд?

Далели панҷум ташаббусҳо ва саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ арзёбӣ мешавад, ки ӯро “яке аз сиёсатмадорони фаъоли ҷаҳонӣ” кардааст.

Муаллифон ба ӯ чаҳор ташаббуси бузургро, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ матраҳ ва пазируфта шудаанд - “Соли байналмилалии оби тоза” (2003), “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” (2013), “Об барои ҳаёт” (2005-2015)”, “Об барои рушди устувор” (2018-2028, ки аз сӯи 192 давлати узви Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд), нисбат додаанд.

 “Мақсади асосии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун абармарди дунёи сиёсат дар ҳалли проблемаҳои об дар он аст, ки дар доираи муносибатҳои интегратсионӣ ҷалб намудани таваҷҷӯҳи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба мушкилоти таъмини оби тоза ва ҳифзи захираҳои об, истифода ва танзими оқилонаи онҳо муваффақ шавем. Зеро дар 54 соли охир, ҷаҳон, шоҳиди 37 ҳодисаю муноқишаҳо шудааст. Ҷанг байни Покистону Ҳиндустон барои азхудкунии дарёи Ганг ва низоъҳои дохилии байнидавлатии Ветнаму Камбоҷа, Исроилу Судону Миср, Судону Ҳабашистон ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд. Зарурият ва моҳияти ҳалли ин масъалаҳо характери глобалӣ дошта, дар мадди аввали сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва сарвари он қарор гирифтааст”, - навиштаанд муаллифон.

Политолог, заместитель директора Национального института развития современной идеологии Игорь Шатров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: ҷоизаи Нобел ба Трамп кумитаро шарманда мекунад

Афзалшоҳ Бобозода ва Зарина Саидова “унвону нишонҳои олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон” – ро, ки ба Эмомалӣ Раҳмон дода шудаанд, низ бармешуморанд.

Аз ҷумла “Ситораи тиллоии Алберт Швейтсар”, унвони фахрии Профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб, дар соҳаи илмҳои гуманитариро зикр мекунанд, ки Эмомалӣ Раҳмон аввалин сиёсатмадори дорандаи он дар ҷаҳон аст.

 Ҳамчунин соли 2005 як ҷоизаи олӣ - медали тиллоии “Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо”-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият насиби Президенти Тоҷикистон шудааст, ки дар байни сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин дорандаи ин ҷоиза мебошад.

Ба далоили боло устод ва донишомӯзи Донишкадаи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон ӯро арзандаи Ҷоизаи Нобел ва ё Ҷоизаи сулҳи Нобел медонанд. Аммо як нигоҳ ба таърихи эътои ин ҷоизаи мӯътабари ҷаҳонӣ кофист, дарёбем, ки дарёфти он кори саҳл нест.

Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Ба Мирзиёев ҷоизаи Нобел дода шавад: пешниҳоди намояндаи ҳизби ҳоким

Ҷоизаи сулҳи Нобел аз сӯи Кумитаи Нобел дар Ослои Норвегия аз соли 1901 барои хадамоти бузург дар амри сулҳи пойдори ҷаҳонӣ дода мешавад.

Номзадро, тибқи оинномаи ин Кумита, аъзои парлумону ҳукуматҳои кишварҳо, судҳои байнулмилалӣ, ректору профессорҳои донишкадаҳо, мудирони пажӯҳишгоҳҳои таҳқиқотӣ, барандагони худи ҷоиза, аъзо ва мушовирини ҳозиру собиқи кумитаи ҷоиза ҳақ доранд пешниҳод кунанд. Барандаи онро, тибқи оиннома, Кумитаи Нобели Норвегия, ки аз сӯи парлумони он кишвар интихоб мешаванд, интихоб мекунанд.

Дар гузашта Ёсир Арафот (Фаластин), Андрей Сахаров (Русия), Лех Валенса (Лаҳистон), Лю Сибао (Чин), Барак Обама (ИМА) ва дигарон аз ҷумлаи барандагони ин ҷоиза будаанд.

Аммо дар таърих афроди маъруфе, назири Николайи дуввум, шоҳи Русия, аввалин номзади Ҷоизаи Нобел ва Владимир Ленин ба ин ҷоиза ба далели дер пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳо сазовор дониста нашудаанд. Нависандаи бузург Лев Толстой, бо он вуҷуд ки пойфишорӣ мекард, пешниҳод накунанд, низ сазовор дониста нашуд. Николай Рерих, рассоми маъруф се, Иосиф Сталин, роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ ду ва Маҳатма Ганди, муборизи маъруфи Ҳинд 12 бор ба дарёфти ин ҷоиза пешниҳод, аммо пазируфта нашуданд.

Тимур Зульфикаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Темур Зулфиқоров шоире, ки аз Нобел умедашро канда, вале аз Тоҷикистон на

Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бори аввал соли 2001 аз сӯи нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун, бори дуввум соли 2016 аз сӯи Ҳикматулло Насриддинов, собиқ ҳарифи Раҳмон дар интихоботи президентӣ ва бори сеюм соли 2018 аз сӯи Анҷумани узбакҳои Тоҷикистон барои дарёфти ин ҷоиза садо дода буд, аммо кор аз ҷуз пешниҳод ва бозтоби он дар расонаҳо пеш нарафт.

Академияи идоракунии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон, тибқи Оинномаи Кумитаи Нобел, ҳуқуқи расман пешниҳод кардани номзад ба дарёфти ин ҷоизаи ҷаҳониро дорад.

Он чӣ ҳоло пурсида мешавад, ин аст, ки оё ба ҷуз аз эълону ташвиқи арзандагии Эмомалӣ Раҳмон то куҷо пеш хоҳад рафт?

Лентаи хабарҳо
0