Гаронии нархи бензин ба тазоҳуроти густурда дар Эрон оварда расонд - акс

Болорафтани арзиши бензин дар Эрон ба тазоҳуроти густурдаи шаҳрвандон печид. Эрониҳо барои ибрози нигаронии худ ба кӯчаву паскӯчаҳо рехта, раҳпаймоии эътирозӣ доир намуданд

Ҳукумати Эрон тасмим гирифтанд, сар аз 15 - уми ноябр арзиши маводи сӯхти навъи бензинро гарон намуда, системаи хариди сӯзишворӣ бо нархи имтиёзнокро сангин гардонад.

Амрико ба оташи хашми тазоҳургарони Эрон равған мерезад - Sputnik Тоҷикистон
Амрико ба оташи хашми тазоҳургарони Эрон равған мерезад

Ҳамакнун, нарзи бензин дар Эрон аз 10 ҳазор риоли қаблӣ ба 15 ҳазор риол гарон шудаст.

Гузашта аз  ин, квотаи хароҷоти моҳонаи бензин барои ҳар як мошини хусусӣ 60 литр муқаррар карда шудааст. Дар сурати хариди бештари бензин аз меъёри муқарраршуда, он ба қиммати 30 ҳазор риол барои як литр фурӯхта мешавад.

Зимнан, раисҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ тасмими боло бурдани арзиши маводи сӯзишвории бензинро ба хотири дастгирӣ аз шаҳрвандони нодор рабт дода буд.

Аммо тасмими гирифтаи ҳукумати Эрон боиси хашми аксар шаҳрвандон гардида, онҳо бо доир намудани раҳпаймоӣ ба кӯчаҳо рехтанд.

Гуфта мешавад, дар тазоҳуроти оммавӣ беш аз даҳҳо ҳазор шаҳрвандони норизо иштирок доранд. Роҳпаймоӣ дар шаҳрҳои Шероз, Бирҷанд, Аҳваз ва дигар шаҳрҳо доир ҷараён гирифт.

Зикр мегардад, ки дар Сирҷон, тазоҳургарон ҳатто кӯшиши оташ задани анбори нафт намуданд, ки кормандони пулис аз ин кори онҳо  пешгирӣ карданд.

Ҳушдори вазири Эрон аз амалиёти "ДОИШ" дар Тоҷикистону Узбакистон

Гузашта аз ин, шаҳрвандони норизо ба бонку мағозаҳо хисорот оварда, ҳамчунин як нуқтаи фурӯши сузишвориро оташ заданд.

Бар асари ҳамаи ин бесарусомониҳо якчанд  кормандони пулис ва як нафар тазоҳургар ҷон аз даст доданд.

© AFP 2021Дар ҷараёни тазоҳурот шаҳрвандони норизо ба чандин бонку мағозаҳо хисорот оварда, ҳамчунин як нуқтаи фурӯши сузишвориро оташ заданд.
Горящий мотоцикл во время протестов в Иране  - Sputnik Тоҷикистон
1/10
Дар ҷараёни тазоҳурот шаҳрвандони норизо ба чандин бонку мағозаҳо хисорот оварда, ҳамчунин як нуқтаи фурӯши сузишвориро оташ заданд.
© AFP 2021Тазоҳургарон бинои Бонки марказии Эронро оташ заданд.
Прохожие у сожженного здания банка после протестов в Эсфахане  - Sputnik Тоҷикистон
2/10
Тазоҳургарон бинои Бонки марказии Эронро оташ заданд.
© REUTERS / Nazanin Tabatabaee/WANAГузашта аз ин, онҳо камераҳои назоратие, ки дар кӯчаҳо насб шуда буданд, шикастанд.
Протестующие против повышения цен на бензин в Тегеране  - Sputnik Тоҷикистон
3/10
Гузашта аз ин, онҳо камераҳои назоратие, ки дар кӯчаҳо насб шуда буданд, шикастанд.
© REUTERS / Nazanin Tabatabaee/WANAДар натиҷаи тазоҳурот дасти кам як тазоҳургар ва якчанд корманди пулис ба ҳалокат расиданд
Протесты против против повышения цен на бензин в Тегеране  - Sputnik Тоҷикистон
4/10
Дар натиҷаи тазоҳурот дасти кам як тазоҳургар ва якчанд корманди пулис ба ҳалокат расиданд
© REUTERS / Nazanin Tabatabaee/WANA Феълан алайҳи ҳалокати шаҳрванди Эрон тафтишот идома дорад.
Женщина на автозаправке в Тегеране  - Sputnik Тоҷикистон
5/10
Феълан алайҳи ҳалокати шаҳрванди Эрон тафтишот идома дорад.
© AP / Morteza Zangane/ISNAКормандони пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон аз гази ашковар истифода намуданд.
Сожженные автобусы в Тегеране  - Sputnik Тоҷикистон
6/10
Кормандони пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон аз гази ашковар истифода намуданд.
© REUTERS / Nazanin Tabatabaee/WANAЭътирозҳо сиёсӣ шуданд, чун мардум алайҳи сиёсати ҳукумат шиорҳо мебардоштанд.
Мужчина на автозаправке в Тегеране  - Sputnik Тоҷикистон
7/10
Эътирозҳо сиёсӣ шуданд, чун мардум алайҳи сиёсати ҳукумат шиорҳо мебардоштанд.
© APРаҳпаймоӣ қариб 40 шаҳри Эронро фаро гирифт
Дым во время протестов против повышения цен на бензин в Эсфахане, Иран  - Sputnik Тоҷикистон
8/10
Раҳпаймоӣ қариб 40 шаҳри Эронро фаро гирифт
© AP / Majid Khahi/ISNAЭътирозгарон ҳатто роҳҳои мошингузарро масдуд мекарданд.
Заблокированная дорога во время протестов в Тегеране  - Sputnik Тоҷикистон
9/10
Эътирозгарон ҳатто роҳҳои мошингузарро масдуд мекарданд.
© AP / Abdolvahed Mirzazadeh/ISNAҲукумати Эрон ба хотири маҳдуд кардани дастрасии эътирозгарон ба шабакаҳои иҷтимоӣ, суръати интернетро коҳиш додааст.
Сожженная автозаправка в Тегеране  - Sputnik Тоҷикистон
10/10
Ҳукумати Эрон ба хотири маҳдуд кардани дастрасии эътирозгарон ба шабакаҳои иҷтимоӣ, суръати интернетро коҳиш додааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала