Капитани тими миллии Тоҷикистон ба дастаи хориҷӣ гузашт

© ФФТ Ахтам Назаров, капитан сборной Таджикистана и клуба Истиклол
Ахтам Назаров, капитан сборной Таджикистана и клуба Истиклол  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аҳтам Назаров, капитани тими миллии Тоҷикистон ва “Истиқлол” – и Душанбе ба Лигаи олии Бангладеш рафт

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Ҳимоятгари 27 – сола аз ин ба баъд дар дастаи “Bashundhara Kings” - қаҳрамони мавсими қаблии Бангладеш бозӣ хоҳад кард.

Кова Тилавпур, агенти футболбоз ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, футболбоз тариқи Истамбули Туркия ба Дакка, пойтахти Бангладеш парвоз кард ва аз муоинаи тиббии духтурон гузашта, ҳамин чанд соати қабл созишномаашро бо бошгоҳ имзо кард.

Таджикский футболист Манухчер Ахмедов  - Sputnik Тоҷикистон
Манучеҳр Аҳмадов, капитани дастаи футболи “Хуҷанд” тимашро тарк кард

“Қабл аз созишнома бо дастаи “Bashundhara Kings” чанд пешниҳод аз дастаҳои дигар доштем. Махсусан ду бошгоҳи пешсафи кишвари Индонезия ва Тайланд мехостанд Аҳтамро даъват кунанд, вале мо ин тими Бангладешро интихоб намудем, зеро шароити молии беҳтарро пешниҳод кард. Қарордоди Назаров бо тими ҷадидаш бо схемаи 1:1 баста шудааст, яъне агар як соли хуб ҳунарнамоӣ кунад, созишномааш тамдид хоҳад шуд”, - гуфт Кова Тилавпур.

 Bashundhara Kings (“Шоҳони Башвандҳара”) ё “Подшаҳон” соли 2013 ташкил шуда, сафари худ ба футболро соли 2016 аз Лигаи пионерон – лигаи дувуми Бангладеш шурӯъ кард ва ҳамон мавсимро дар мақоми севум ба поён расонд.

Лигаи якумро паси сар гузошта, ба Лигаи олӣ ё қаҳрамонони Бангладеш дархост дод ва соли 2017 “чароғи сабз” гирифт. “Шоҳони Башвандҳара” дар мавсими 2018 – 19 унвони қаҳрамонии Бангладешро ба даст оварданд.

Ин тим соҳиби варзишгоҳи тозабунёд ба номи “Sheikh Kamal Stadium” (Варзишгоҳи Шайх Камол) дар шаҳри Нилфамари,ноҳияе дар Шимоли Бангладеш, 400 – километрии Дакка, пойтахти он кишвар аст.

Аҳтам Назаров, футболбози тоҷик 29 сентябри соли 1992 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.То соли 2012 дар дастаҳои “КМВА- Помир”, “Барқчӣ” - и шаҳри Душанбе бозӣ карда, аз соли 

Футбол. ЧМ-2018. Тренировка сборной Бельгии - Sputnik Тоҷикистон
Собиқ мурабии тими “Помир”-ро ба суперлигаи Умон даъват карданд
2013 ба тими дигари ин шаҳр - “Истиқлол” гузашт ва дар ҳайати он 40 бозӣ анҷом дод.

Бозигари мунтахаби миллии ҷавонони Тоҷикистон буд. Соли 2012 ба тими мунтахаби миллии Тоҷикистон даъват шуд. То соли 2019 дар ҳайати мунтахаби миллӣ 39 бозӣ анҷом дода, 5 гол задааст.

Аҳтам Назаров аввалин футболбози тоҷик нест, ки аз сӯи Кова Тилавпур ба хориҷа интиқол меёбад.

То ба ҳол ду бозикуни дигари тоҷик Нуриддин Давронов ва Ҷаҳонгир Эргашевро ба тимҳои хориҷӣ интиқол додааст.

Тилавпур аввалин агенти футбол дар Осиёи Марказӣ аст, ки лисензияи агентӣ дорад Нуриддин Давронов ҳоло дар дастаи “Уммон” – и Уммон ва Ҷаҳонгир Эргашев дар “Сайф спортинг клаб” – и Бангладеш бозӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0