Сенздаҳ миллиард рубли муҳоҷирон ба буҷаи шаҳри Маскав ворид шуд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкВыдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сар аз моҳи январ то сентябри соли равон наздики 338 ҳазор патент ба муҳоҷирони меҳнатӣ дода шуд, ки ин адад нисбат ба як соли қаблӣ 6 фисад бештар аст

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Ба буҷаи шаҳри Маскав аз ҳисоби фурӯши патент ба муҳоҷирони меҳнатӣ, 13 миллиард доллар ворид шудаст, хабар медиҳад котиботи шаҳрдорӣ.

Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Собянин мехоҳад сафи муҳоҷирони патентдорро бештар кунад

Ба изҳори роҳбари Департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди Маскав Денис Тихонов, дар нӯҳ моҳи соли равон, муҳоҷирони корӣ ба буҷети пойтахти Русия 13,2 миллиард рубл ворид кардаанд.

Гуфта мешавад, сар аз моҳи январ то сентябри соли равон ба муҳоҷирони меҳнатӣ 338 ҳазор патент фурӯхта шуд, ки ин нишондиҳанда нисбати як соли қаблӣ, ҳудуди 6 дарсад бештар аст.

Зикр мегардад, ки муҳоҷирони хориҷӣ дар Маскав аслан дар соҳаҳое машғул ба кор мешаванд, ки миёни сокинони бумӣ талабот ба ингуна корҳо назаррас нест.

Оё бо сода гардидани дарёфти шаҳрвандии Русия, вуруди муҳоҷирони корӣ афзоиш меёбад?

Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи мақомоти шаҳрдорӣ, аз соли 2015 муҳоҷирони меҳнатӣ буҷаи шаҳрро тақрибан ба маблағи 72 миллиард рубл пур кардаанд ва беш аз ду миллион патент ба даст овардаанд.

Выдача патентов в миграционном центре Московской области. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нархи Патент барои муҳоҷирон дар шаҳри Маскав боло рафт

Қаблан раиси шаҳри Маскав изҳор намуд, ки муҳоҷирон набояд барои корофаринони русиягӣ қувваи арзони корӣ бошанд.
Дар паи сели муҳоҷират, ки муҳошида мешавад, бояд ба шаҳрвандони хориҷӣ бештар патент дод, изҳор дошт мэри Маскав Сергей Собянин дар ҷаласа оид ба профилактикаи нақзи қавонин.

Ба гуфти Собянин ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба мақсади дарёфти кор ба Маскв ворид мешаванд, бояд дар баробари сокинони маҳаллӣ расман сабт гарданд ва андоз супоранд.

Пештар хабар дода шуд, ки Ҳукумати Маскав тасмим гирифтааст, сар аз соли 2020 арзиши патентро боз ҳам гарон кунад. Шаҳрдори Маскав тасмими гарон намудани патентро ба коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон арзёби намудааст.

Нархи патент аз соли 2020 боз гаронтар мешавад

Гуфта мешавад, ҳамакнун нархи патент аз 5000 рубли русии феълӣ то 5350 рубл гаронтар мешавад. Гарон намудани арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав давоми ҳар сол ба ҳукми анъана даромадаст.

Агар соли 2018 арзиши Патент 4500 рубл буд, бо гузашти ҳамагӣ ду сол онро то 5350 рубл қимматттар намуданд.

Лентаи хабарҳо
0