Зеристгоҳи "Чашмасор" сокинони ду деҳоти Мӯъминободро бо неруи барқ таъмин мекунад

Зеристгоҳи "Чашмасор" 1450 нафар муштариёни Ҷамоатҳои деҳоти Шамсиддин Шоҳин ва "Боғгаӣ"-ро ба неруи барқ таъмин мкунад

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Дар деҳаи Чашмасори ноҳияи Муъминобод зеристгоҳи "Чашмасор" сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаст, иттилоъ медиҳад котиботи мақомоти иҷроияи вилояти Хатлон.

Установка оборудование на подстанции Темурмалик - Sputnik Тоҷикистон
Дар зеристгоҳи барқии “Темурмалик” насби таҷҳизот идома дорад

Бар хабари манбаъ, зеристгоҳи мазкур аз тарафи Ширкати саҳомии холдинги шакли кушодаи “Барқи тоҷик” ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Кӯлоб" сохта ва ба истифода дода шудаст.

Тоҷикистон ва Узбакистон хаттҳои интиқоли барқашонро боз мепайванданд

Гуфта мешавад, иқтидори зеристгоҳи барқии "Чашмасор" 35\10 кВ  мебошад.

Тибқи маълумоти мутахассисони  ҶСШК "Барқи Кӯлоб", зеристгоҳи мазкур бо маблағи 3 миллион сомонӣ бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва аз ҳисоби маблағҳои ҶСШК "Барқи тоҷик" сохта ба истифода дода шуд.

"Феълан зеристгоҳи "Чашмасор" 1450 нафар муштариёни Ҷамоатҳои деҳоти Ш.Шоҳин ва “Боғгаӣ”-ро ба неруи барқ таъмин мекунад", - омадааст дар хабари манбаъ.

Бояд гуфт, зеристгоҳи мазкур аз тарафи Ташкилоти пудратчии ҶДММ "Ал-бурҷ" дар муддати 2 сол сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала