Иқдоми "Хайр": кумаки бадахшониҳои муқими Амрико ба ятимони мактаб - интернати Рӯшон

© © Facebook / Muzaffar ImomdodГуманитарная помощь от памирцев которые живут в Америке, для сирот из интерната
Гуманитарная помощь от памирцев которые живут в Америке, для сирот из интерната  - Sputnik Тоҷикистон
Бо пиёда намудани иқдоми "Хайр" сокинони Бадахшони муқими Амрико аз ҳамаи сокинони вилоят, ки берун аз ватан зиндагӣ мекунанд, даъват намудаанд, ки ба ташаббуси онҳо пайваст шаванд ва нисбати кӯдакони бекасу кӯй бетараф набошанд

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар Амрико ба сар мебаранд, тасмим гирифтаанд ба кӯдакони ятимӣ мактаб - интернати ноҳияи Рӯшони ин вилоят кӯмаки моддӣ ироа намоянд.

© © Facebook / Muzaffar ImomdodГуманитарная помощь от памирцев которые живут в Америке, для сирот из интерната
Иқдоми Хайр: кумаки бадахшониҳои муқими Амрико ба ятимони мактаб - интернати Рӯшон - Sputnik Тоҷикистон
Гуманитарная помощь от памирцев которые живут в Америке, для сирот из интерната
"Мо шаҳрвандони Тоҷикистон, зодагони ВМКБ, ки феълан дар Амрико зиндагонӣ мекунем, барои дастгирии ятимони мактаб - интернати ноҳияи Рӯшон миқдори муайяни маблағ ҷамъоварӣ намуда, барои фасли сармои зимистон ба  онҳо либоси гарм харидорӣ карда, ирсол намудем", - гуфта мешавад дар хабаре, ки гурӯҳи "Цавор куен" дар шабакаи иҷтимоии Facbook  нашр намудаст.

Дастандаркорони иқдоми хайрхоҳона мегӯянд, ки бо ташаббуси худ, хостанд кӯдакони бекасу кӯйро дастгирӣ кунанд, то танҳоӣ ва бекасии худро эҳсос накунанд.

Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон
Хайрияҳои саховатмандону сокинони Хатлон ба маъюбону ятимон равона шудааст

"Кӯдакон ҳеҷ вақт бегона намешаванд, ҳамаашон фарзандҳои мо ҳастанд ва ҳоло, ки кӯчаканд ба кӯмаку навозиши мо сахт мӯҳтоҷ ҳастанд. Ниёзи кӯдакони ятим ба меҳрубонӣ ва дастгирии атрофиён боз бештар аст", - афзудаанд нафарони хайрхоҳ.

Зимнан ташаббускорони ин иқдом аз тамоми сокинони Бадахшон, ки дар Русия, Канада, Бритониё, Қирғизистон ва дигар давлатҳо кору зиндагӣ мекунанд даъват намуданд, ки ин амали некро идома диҳанд ва нисбати тақдири ятимон бетараф набошанд.

Идона: 5 миллион кумакпулии Рустами Эмомалӣ барои кӯчарӯбону собиқадорони ҷанг

Бадахшонияҳои муқими Амрико азм доранд, иқдоми хайрхоҳонаи худро ҳамасола анҷом диҳанд ва  ба сокинони мӯҳтоҷи ин вилоят дасти кумак дароз намоянд.

Онҳо бар ин боваранд, ки иқдоми пешгирифтаи онҳо аз ҷониби дигар сокинони саховатманди вилоят, ки берун аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, дастгирӣ ёфта, сафи кумаккунандаҳо зиёд ва шумораи мӯҳтоҷон кам мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала