Ҳавлӣ аз 30 то 100 сомонӣ: сокини 60 солаи Хуҷанд барои ташкили фоҳишахона боздошт шуд

CC0 / Pixabay / Ноги, архивное фото
Ноги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кормандони милитсия марди 60 - солаеро боздошт намуданд, ки дар ташкили фоҳишахона гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, кормандони милитсия дар шаҳри Хуҷанд марди 60 - соларо бо гумони ташкил ва нигаҳдории фоҳишахона дастгир намуданд.

Работница коммерческого секса с клиентом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зани 26 - сола дар Душанбе манзилашро ба фоҳишахона табдил доду бар иваз 150 сомонӣ мегирифт

Тибқи иттилои манбаъ, номбурда 18 - уми ноябри соли равон, ҳавлии истиқоматияшро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудани марди 25 - солаи сокини Хуҷанд ва зани 32 - солаи сокини шаҳри Бӯстон шароит муҳайё намуда, аз онҳо 40 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтаст.

Марди 32-сола дар Душанбе манзили иҷораашро ба фоҳишахона табдил дод

Инчунин, номбурда худи ҳамон рӯз дар ҳавлии истиқоматиаш, бар ивази 100 сомонӣ ба марди 25 - солаи сокини шаҳри Хуҷанд ва зани 37 - солаи сокини шаҳри Бӯстон, барои алоқаи ҷинси намудан шароит муҳайё намудааст.
Гузашта аз ин, соҳибхона рӯзи 19-уми ноябр низ барои алоқаи ҷинсӣ намудани марди 30 - сола ва зани 36 - солаи сокинони шаҳри Бӯстон шароит муҳайё намуда, аз онҳо 100 сомонӣ гирифтааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ыиноӣ  оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Боздошти зани 48-сола барои ташкили фоҳишахона

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки боздоштшуда доғи судӣ дошта, қаблан бо моддаи 204 қисми 1(парвариши ғайриқонунии зироатҳои дорои моддаҳои нашъадори кишташон манъшуда) суд шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала