“Амонатбонк” боз аз Бонки давлатии рушди Чин 60 миллион юани чинӣ қарз мегирад

© Sputnik Амир ИсаевВозле главного офиса Амонатбанка в Душанбе. Архивное фото
Возле главного офиса Амонатбанка в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Масъулини “Амонатбонк” эълон намудаанд, ки лоиҳаи Созишномаи нави қарзӣдар ҳаҷми 60 млн. юани чинӣ, ки дар рузҳои наздик байни “Амонатбонк” ва Бонки давлатии рушди Чин ба имзо хохад расид

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Ахиран дар пойтахти Тоҷикистон мулоқоти дуҷонибаи Раиси “Амонатбонк” Икромӣ Сироҷиддин Салом бо гурўҳи кории Бонки давлатии Рушди Чин баргузор гардид.

Первый Зампред Нацбанка РТ Джамолиддин Нуралиев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Даромад зиёду қарз кам шуд: Нуралиев гуфт, боварии мардум ба бонкҳо афзоиш ёфт

Зимни мулоқот тарафҳо нақшаҳои ояндаи худро барои ба имзо расонидани созишномаҳои нави қарзӣ ва бозомўзии мутахассисон тариқи баргузор намудани семинарҳо, курсҳои бозомўзӣмавриди баррасӣ намуданд.

“Масъалаи асосие, ки дар рафти вохӯрӣ муҳокима гардид, ин барраси намудани лоиҳаи Созишномаи нави қарзӣдар ҳаҷми 60 млн. юани чинӣ, ки дар рузҳои наздик байни БДА ҶТ «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин ба имзо хохад расид”, - таъкид намудааст манбаъ.

Манбаъ зикр намудааст, ки рохбарияти “Амонатбонк” ва Боки давлатии рушди Чин ҳамчунин накша доранд, ки то охири соли равон боз як Созишнома қарзӣ дар ҳачми 10 млн. доллар барои рушд ва дастгирии сохибкории хурду миёна дар Тоҷикистон ба имзо расонанд.

 Аз соли 2009 ин ҷониб дар доираи хамкориҳои дуҷониба байни “Амонатбонк” ва Боки давлатии рушди Чин, 7 созишнома карзӣ дар хачми зиёда аз 60,0 млн. доллар ба имзо расидааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала