Тазоҳурот дар Бишкек: эътирозгарон боздошти собиқ мақомдори гумрукро тақозо доранд

Гирдиҳамоии эътирозӣ алайҳи фасоди молӣ дар бархе сохторҳои давлатӣ аз ҷумла гумруки Қирғизистон баргузор шуд

Тазоҳургарон аз ҳукумати Қирғизистон талаб намуданд, то собиқ муовини роҳбари гумрук Раҳим Матраимов боздошт шавад.

Горящий мотоцикл во время протестов в Иране  - Sputnik Тоҷикистон
Гаронии нархи бензин ба тазоҳуроти густурда дар Эрон оварда расонд - акс

Гирдиҳамоӣ тақрибан соати 11:30 дақиқа оғоз ёфта то 1,5 соат тӯл кашид. Шаҳрвандони норизо аз кори сохтори гумруки ҷумҳурӣ ва алалхусус аз фасодкории собиқ муовини роҳбари гумрук  изҳори нигаронӣ намуда, талаб кардан, ки Раҳим Матраимов ба иллати даст доштан дар фасод боздошт шавад.

Тазоҳуроти савдогарони бозор ва талаби вохӯрӣ бо раиси шаҳр - акс

Гузашта аз ин эътирозгарон тақозо намуданд, ки ҳамаи ришваситонҳо боздошт ва равонаи зиндон  шаванд.

Гуфта мешавад, бо талаби ин дархостҳо ба кӯчаҳои Бишкек наздики 1200 нафар рехта, шиорҳо алайҳи ҳукумат бардошта, садо баланд мекарданд.

Илова бар ин, эътирозгарон корти зард ба давлат нишон доданд ва ба гуфтаи баргузоркунандагон пас аз корти зард корти сурх ба кор бурда хоҳад шуд.

Амрико ба оташи хашми тазоҳургарони Эрон равған мерезад

Гирдиҳамоӣ бо хондани суруди миллии Қирғизистон оғоз шуд ва мӯътаризон беш аз 1соат дар муқобили кохи раёсатҷумҳурӣ таҷаммӯъ карданд.

Мақомоти давлатӣ барои гуфтугӯ дар ҷамъи эътирозгарон зоҳир нашуданд ва таҷаммӯъ бидуни натиҷа поён ёфт.

© © Sputnik / Табылды КадырбековДар маркази Бишкек тазоҳурот алайҳи фасодкорӣ дар сохтори гумрук баргузор гардид
В центре Бишкека прошел митинг против коррупции - Sputnik Тоҷикистон
1/13
Дар маркази Бишкек тазоҳурот алайҳи фасодкорӣ дар сохтори гумрук баргузор гардид
© © Sputnik / Табылды КадырбековДар тазоҳурот наздики 1200 нафар иштирок карданд
В центре Бишкека прошел митинг против коррупции - Sputnik Тоҷикистон
2/13
Дар тазоҳурот наздики 1200 нафар иштирок карданд
© © Sputnik / Табылды КадырбековДар гирдиҳамоӣ бештар ҷавонон иштирок ва садо баланд мекарданд
В центре Бишкека прошел митинг против коррупции - Sputnik Тоҷикистон
3/13
Дар гирдиҳамоӣ бештар ҷавонон иштирок ва садо баланд мекарданд
© © Sputnik / Табылды КадырбековТазоҳурот дар заминаи як таҳқиқоти журналистӣ сурат гирифт, ки дар он собиқ муовини раҳбари гумруки ҷумҳурӣ Раҳим Матраимов ба фасодкорӣ муттаҳам дониста мешавад
В центре Бишкека прошел митинг против коррупции - Sputnik Тоҷикистон
4/13
Тазоҳурот дар заминаи як таҳқиқоти журналистӣ сурат гирифт, ки дар он собиқ муовини раҳбари гумруки ҷумҳурӣ Раҳим Матраимов ба фасодкорӣ муттаҳам дониста мешавад
© © Sputnik / Табылды КадырбековКорманди собиқи гумрук ба он айбдор мешавад, ки гӯё ба як гурӯҳи бонуфуз - оилаи Ҳабибул Абдуқодир барои ворид кардани қочоқ ба Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия кумак мекард
В центре Бишкека прошел митинг против коррупции - Sputnik Тоҷикистон
5/13
Корманди собиқи гумрук ба он айбдор мешавад, ки гӯё ба як гурӯҳи бонуфуз - оилаи Ҳабибул Абдуқодир барои ворид кардани қочоқ ба Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия кумак мекард
© © Sputnik / Табылды КадырбековТазоҳургарон бар инанд, ки собиқ муовини роҳбари гумрук, 700 миллион долларро аз қаламрави Қирғизистон берун овардаст.
В центре Бишкека прошел митинг против коррупции - Sputnik Тоҷикистон
6/13
Тазоҳургарон бар инанд, ки собиқ муовини роҳбари гумрук, 700 миллион долларро аз қаламрави Қирғизистон берун овардаст.
© © Sputnik / Табылды КадырбековАкси Раҳим Матраимов, ки дар Қирғизистон аз ӯ Раҳим Миллионер ном мебурданд.
В центре Бишкека прошел митинг против коррупции - Sputnik Тоҷикистон
7/13
Акси Раҳим Матраимов, ки дар Қирғизистон аз ӯ Раҳим Миллионер ном мебурданд.
© © Sputnik / Табылды КадырбековТазоҳургарон дар даст сурати Раҳим Матраимов, муллақаб ба Раҳим миллионер гирифта, маҳкум ба зиндон шудани ӯро тақозо мекарданд.
В центре Бишкека прошел митинг против коррупции - Sputnik Тоҷикистон
8/13
Тазоҳургарон дар даст сурати Раҳим Матраимов, муллақаб ба Раҳим миллионер гирифта, маҳкум ба зиндон шудани ӯро тақозо мекарданд.
© © Sputnik / Табылды КадырбековЭътирозгарон соати 11:30 дақиқа гирд омаданд.
В центре Бишкека прошел митинг против коррупции - Sputnik Тоҷикистон
9/13
Эътирозгарон соати 11:30 дақиқа гирд омаданд.
© © Sputnik / Табылды КадырбековЭътирозгарон то "Қасри сафед" роҳпаймоӣ карданд ва сипас ба ҷойи аввалии худ баргаштанд.
В центре Бишкека прошел митинг против коррупции - Sputnik Тоҷикистон
10/13
Эътирозгарон то "Қасри сафед" роҳпаймоӣ карданд ва сипас ба ҷойи аввалии худ баргаштанд.
© © Sputnik / Табылды КадырбековТазоҳургарон ҳабси Раҳим Матраимов, боздошти дастандаркорони фасод, ва баргузории ислоҳоти ҷиддиро тақозо намуданд.
В центре Бишкека прошел митинг против коррупции - Sputnik Тоҷикистон
11/13
Тазоҳургарон ҳабси Раҳим Матраимов, боздошти дастандаркорони фасод, ва баргузории ислоҳоти ҷиддиро тақозо намуданд.

12/13
Тазоҳургарон ҳабси Раҳим Матраимов, боздошти дастандаркорони фасод, ва баргузории ислоҳоти ҷиддиро тақозо намуданд.
© © Sputnik / Табылды КадырбековАксар эътирозгарон бо худ чойи гарм ва ширинӣ оварда, дигаронро зиёфат мекарданд.
В центре Бишкека прошел митинг против коррупции - Sputnik Тоҷикистон
13/13
Аксар эътирозгарон бо худ чойи гарм ва ширинӣ оварда, дигаронро зиёфат мекарданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала