Ҳабс кам шавад: дастури Раҳмон барои 10 соли оянда ва ҳушдораш аз норозигии мардум

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Ҳукумат
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Ҳукумат - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар ҷаласаи Ҳукумат барномаи ҷадиди даҳсоларо баррасӣ кардааст, ки ба коҳиши ҳабсу маҳрумияти шаҳрвандон равона шудааст

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз аъзои Ҳукумат Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030-ро баррасӣ карданд.  Раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран зимни суҳбат дар бораи ин барномаи нав таъкид кард, ки дар доираи татбиқи он бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ бештар гарданду ҳабсу маҳрумияти шаҳрвандон пешгирӣ шавад.

“Бо роҳандозӣ кардани чунин корҳо, мо метавонем бисёр шаҳрвандонро аз кирдори бад ва дар натиҷа аз маҳбасу маҳрумият раҳоӣ бахшем”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Котиботи раисиҷумҳур нагуфтааст, ки Ҳукумат имрӯз ин барномаро қабул кард ё на, аммо ҳафтаи қабл Эмомалӣ Раҳмон аз муҳимияти ин барнома суҳбат кард. Ӯ аз ҷумла аз оқибати айбдор кардани бегуноҳон ҳушдор дод, ки боиси зиёд шудани норозигии мардум мегардад.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
"Моҳҳо фикр мекунам": Раҳмон гуфт, роҳи халосии мардум аз азияти порахӯрҳоро меҷӯяд

Раисиҷумҳур дар мулоқоти вижа бо масъулини мақомоти додгоҳӣ ва тафтишотӣ аз пайомадҳои айбдоркунии беасос ҳушдор дод. Ӯ ҳисоб намуд, ки ҳар ҳолати айбдоркунии беасос норозигии мардумро дар пай дорад, чун ҳар айбдоршаванда камаш 6 узви оила дораду хешу ақрабҳои зиёди дигар.

“Ҳисоб кунед, ки чӣ қадар аз сиёсати давлат ва ҳокимияти судӣ мардум норизо мегардад”, - изҳор дошта буд раисиҷумҳур дар хитоб ба мақомоти тафтишотӣ ва додгоҳӣ.

Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқу додгоҳӣ даъват кард, ки дар татбиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 фаъол бошанду ба ҳамин восита аз кирдорҳои бад ва дар натиҷа аз маҳбасу маҳрумсозии шаҳрвандон ҷилавгирӣ кунанд.

Пешниҳоди ахбори носаҳеҳ ба Президент: эроди Раҳмон аз ёвар, Ятимов ва додситони кул-видео

“Борҳо таъкид кардаам, вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо ба маҳбас кашидани мардум нест, балки вазифаи онҳо пешгирии ҷиноят мебошад. Дар паси ҳар шахс, як хонавода ва сарнавишту зиндагии онҳо қарор дорад”, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Лентаи хабарҳо
0