Раҳмон назди муҷассамаи Ислом Каримов гулчанбар гузошт

© Пресс-служба президента УзбекистанаГлавы государств Центральной Азии почтили память Ислама Каримова
Главы государств Центральной Азии почтили память Ислама Каримова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Узбакистон қарор дорад, назди муҷассамаи нахустин президенти Узбакистон Ислом Каримов гулчанбар гузошт

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар ҳошияи вохӯрии дуюми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Узбакистон қарор дорад, бо нишони эҳтиром назди муҷассамаи нахустин раисҷумҳури ин кишвар Ислом Каримов гулчанбар гузоштаст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқот ва даъвати Раҳмон аз Мирзиёев

Дар баробари раисҷумҳури Тоҷикистон дар расми гузоштани гулчанбар ҳамчунин раисҷумҳурони Қирғизистон Сооробой Жээнбеков,  Узбакистон Шавкат Мирзиёев ва Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов  иштиррок доштанд.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон дар гулгашти меҳмонони фахрии қароргоҳи "Куксарой" бо ҳамроҳии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ниҳол шинонданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи мулоқоти дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон вохӯрӣ кард.

раисҷумҳури Тоҷикистон аз шавкат мирзиёев даъват кард, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ ба тоҷикистон ташриф оранд.

Гуфта мешавад, мирзиёев даъвати Раҳмонро бо хушнудӣ пазируфтаст.

Лентаи хабарҳо
0