Тағйирот: Каримзода гуфт, шахсони боэътимод ба “рӯйхати сафед” ворид мешаванд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ҳафтаи равон тағйирот ба Кодекси гумрукро қабул кард, ки бар асоси он иштирокдорони боэътимоди бозор шомили “рӯйхати сафед” мешаванд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон зимни муаррифии тағйирот дар парлумон гуфт, ба Кодекси гумрук боби нави ҷорӣ намудани консепсияи “Иштирокчии боэътимоди бозор” илова мегардад.

Сомони и доллары, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Маҳмадбоқизода зарфи ду сол беш аз 900 ҳазор сомонии буҷаро аз худ кардааст

“Мутобиқи меъёри мазкур, дар ҷумҳурӣ гурӯҳи шахсони ҳуқуқии ватанӣ ташкил мешаванд, ки тибқи қонунҳои амалкунанда фаъолият намуда, расмиёти содагардонидаи махсуси барасмиятдарории гумрукиро истифода мебаранд ва ба “рӯйхати сафед” ворид карда мешаванд”, - изҳор дошт раиси Хадамоти гумрук.

Ӯ тавзеҳ дод, ки ба иштирокчии боэътимоди бозор, ки дар лоиҳаи қонун “Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ” номида шудааст, дар рафти барасмиятдарорӣ расмиёти содагардонидашудаи махсуси гумрукӣ пешниҳод мешавад.

Консепсияи “Иштирокчии боэътимоди бозор” дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар Аврупо, Амрико, Кореяи Ҷанубӣ ва давлатҳои дигар, аз ҷумла Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Молдова истифода мешавад, хабар додаст нашрияи "Садои мардум" аз қавли Каримзода.

Худиҳоро намебинанд: фармони Раҳмон барои барҳамдиҳии мақомоти амниятӣ

Толибхон Азимзода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар умури иқтисод ва молия, таъкид намуд, ки истифодаи чунин имтиёзҳо ягон зараре ба мақомот ва ё давлат надошта, субъектони муносибатҳои гумрукӣ, сабукӣ гирифта, амалиётро бе монеа тезтар ба анҷом расонанд.

Ин як навъи ҳавас­мандгардонӣ барои бештар ҷалб кардани соҳибкорон ва ё тоҷирони  бовиҷдон ба муносибатҳои гумрукӣ мебошад, тавзеҳ дод Азимзода.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала