Баргузории ҳамоиши бозаргонии Эрон бо АвруОсиё

Ҳамоиши АвруОсиё ошноӣ бо фурсатҳо ва илзомоти тавсеаи равобити иқтисодӣ ва тиҷории Эрон бо кишварҳои узви Иттиҳодияи АвруОсиё дар Созмони Тавсеаи Тиҷорати Эрон баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории “Parstoday”, муаррифии мувофиқатномаи тиҷории АвруОсиё ва зарфияти бозори АвруОсиё ва ташреҳи ҳуқуқи бозаргонон дар ин мувофиқатнома аз ҷумла барномаҳои ин ҳамоиш эълом шудааст.

Заседании Высшего евразийского экономического совета (ВЕЭС) в широком составе в Ереване - Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои узви Иттиҳоди Авруосиё дар зарфи се сол ба 20 миллиард доллар тиҷорат карданд

Дар ҳафт моҳи нахусти имсол содироти Эрон ба кишварҳои узви АвруОсиё бо 52 дарсад рушд ба 490 миллион доллар расид ва воридоти Эрон аз аъзои ин иттиҳодия бо се дарсад коҳиш аз 792 ба 768 миллион доллар расид.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки саҳми Эрон аз кулли ҳаҷми тиҷорати АвруОсиё се даҳуми дасард ва саҳми АвруОсиё аз кулли тиҷорати Эрон бо ҷаҳон ду дарсад аст, ки бо имзои қарордоди муваққат тиҷорати озоди Эрон бо АвруОсиё ду тараф дар талош барои иртиқои ин саҳм ҳастанд.

Тавофуқномаи эҷоди минтақаи озоди тиҷораӣ байни Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё ва Эрон 17 моҳи майи гузашта дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон имзо шуд.

Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё шомили панҷ кишвари Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Беларус аст ва дар чорчуби тавофуқномаи имзошуда 502 қалам колои содиротии Эрон ба ин кишварҳо аз таърафаи тарҷиҳӣ бархурдор шудаанд.

Пайвастани Эрон ба Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё фурсати хуб ва бозори наверо барои бозаргонони эронӣ бо ҳадафи тавсеаи муровидоти иқтисодӣ бо панҷ кишвари ин иттиҳодия гушудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала