Се ноҳияи Хатлон то ҳол ба мавсими зимистонгузаронӣ омода нестанд

© Sputnik Амир ИсаевСклад общеобразовательной школы №56, где хранятся дрова, уголь ...
Склад общеобразовательной школы №56, где хранятся дрова, уголь ... - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Кушониён ва Ҷайҳун то ҳол нақшаи захираи ангиштро дар соҳаи маориф ҳамагӣ 64-88 дарсад иҷро кардаанд

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik.  Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж” шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Кушониён ва Ҷайҳун то рӯзи 28-уми ноябри соли равон захираи ангиштро дар соҳаи маориф ҳамагӣ 64-88 дарсад иҷро кардаанд. Дар вилоят низ ин тадбир дар маҷмӯъ ба андозаи 97,8 дарсад иҷро шудаасту халос.

Раджаббой Ахмадзода председатель Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Интиқоди Азим Иброҳим аз омодагии Суғд ба давраи зимистонгузаронӣ

Ҳамин тавр рӯзномаи “Фараж” навиштааст, ки тибқи маълумоти хатии Раёсати маорифи вилояти Хатлон, барои зимистонгузаронии муассисаҳои соҳа бояд 9804,3 тонна ангишт харидорӣ ва захира мешуд. Вале ноҳияи Кушониён нақшаро 64,4, Ҷайҳун 88 ва шаҳри Кӯлоб 78,9 дарсад иҷро карда, боиси аз нақшаи умумӣ қафо мондани вилоят шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулин гуфтаанд, ки 21 шаҳру ноҳияи дигар пурра омодаанд.

Дар ҳамин ҳол, аз Раёсати молия  ва шуъбаи маорифи ноҳияи Кушониён хабар доданд, ки барои харидории 776 тонна ангишт  488 ҳазору 993 сомонӣ пешбинӣ шуда буд, ки бо ин маблағ сад дар сади нақша ангишт харида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи як қарори вижаи Ҳукумати  кишвар бояд то 31-уми октябри соли равон кулли соҳаҳо, аз ҷумла маориф, ба зимистони солҳои 2019-2020 пурра омода мешуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала