Ҷашнҳои рӯзи 3 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© Sputnik / Стас ЭтвешДень 3 декабря
День 3 декабря - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз Рӯзи сеюми декабр ҳамчун рӯзи маъюбон ва дар кишвари Белорус Рӯзи ҳуқуқшиносон таҷлил карда мешавад

Рӯзи 3 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1775 аввалин маротиба парчами ИМА парафшон шуд.

Соли 1892 дар Канада департаменти савдо ва тиҷорат таъсис ёфт.

Соли 1959 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон киштии атомии яхшикани "Ленин" ба истифода дода шуд.

Соли 1967 дар Африқои Ҷанубӣ ҷарроҳ Кристиан Барнард аввалин маротиба дили як нафарро ба нафари дигар гузаронид.

Рӯзи 3 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли  2002 раисҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо аввалин сафари расмӣ ба Фаронса рафтанд.

Соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ" ба имзо расид.

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе  Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони моҳномаи "Вашингтон диплома" — и Иёлоти Муттаҳидаи Америка мусоҳиба оростанд.

Соли 2009 созишномаи ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, воситаҳои фалаҷкунандаи асаб ва ашёи хоми онҳо ба имзо расид.

Соли 2010 дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 3 декабр

Рӯзи байналмилалии маъюбон.

Дар Беларус – Рӯзи ҳуқуқшиносон.

Лентаи хабарҳо
0