Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Нахустин сафари хориҷии Рустами Эмомалӣ: шаҳрдор дар Узбакистон чиро тамошо кард - акс

Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ барои шиносоӣ бо таҷрибаи рушди шаҳрҳои Узбакистон ба Тошканд рафт ва аз ҷойҳои муқаддас дар Самарқанд дидан кард

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ озими шаҳри Тошканд гардида буд.

Рустам Эмомали посетил Ташкентский национальный стадион - Sputnik Тоҷикистон
Тақдими пероҳани тими миллии Узбакистон ба Рустами Эмомалӣ

Ин нахустин сафари Рустами Эмомалӣ ҳамчун шаҳрдори Душанбе,  берун аз Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Шаҳрдорони Душанбе ва Тошканд масъалаҳои татбиқи созишномаи роҳбарони ду пойтахт, ки моҳи марти соли гузашта ҳангоми сафари  Мирзиёев ба Тоҷикистон имзо шуда буданд, баррасӣ намуданд.

Гузашта аз ин, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни Душанбе ва Тошканд, инчунин тасдиқи барномаи ҳамкорӣ байни ду шаҳр барои соли 2020- ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Баъди боздид аз Самарқанд Рустам Эмомоалӣ ба Душанбе баргашт - акс

Рустам Эмомалӣ ҳамзамон аз шаҳри Самарқанд боздид намуда, аз ёдгориҳои фарҳангӣ, зиёратгоҳҳо ва маҷмааҳои саноатии Самарқанд дидан кард.

Нахуст ҳайати шаҳри Душанбе ба маҷмааи Ҳазрати Хизр ва маҷмаа-мақбараи меъмории Имом Бухорӣ ташриф оварда, баъдан бо дигаргуниҳои шаҳр шинос шуда, дар бораи мутафаккирони бузурги сарзамини муқаддаси Самарқанд ва дар бораи саҳми онҳо дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ маълумот гирифтанд.

© Хокимият города ТашкентаРустами Эмомалӣ барои маротибаи нахуст ба ҳайси раиси шаҳри Душанбе озими Тошканд гардид.
Рустам Эмомали в Ташкенте - Sputnik Тоҷикистон
1/10
Рустами Эмомалӣ барои маротибаи нахуст ба ҳайси раиси шаҳри Душанбе озими Тошканд гардид.
© Официальный сайт хокимията города ТашкентаЗимни сафари худ ба шаҳри тошканд Рустами Эмомалӣ бо ҳокими ин шаҳр Ҷаҳонгир Ортиқхуҷаев дидор ва мулоқот баргузор намуд.
Рустами Эмомали ознакомился с новыми зданиями и комплексами Ташкента - Sputnik Тоҷикистон
2/10
Зимни сафари худ ба шаҳри тошканд Рустами Эмомалӣ бо ҳокими ин шаҳр Ҷаҳонгир Ортиқхуҷаев дидор ва мулоқот баргузор намуд.
© Официальный сайт хокимията города ТашкентаҲокими шаҳри Тошканд ва раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе созишнома дар бораи фаъолияти муштарак барои солҳои 2020-2021 имзо карданд.

Рустам Эмомали подписывает документ - Sputnik Тоҷикистон
3/10
Ҳокими шаҳри Тошканд ва раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе созишнома дар бораи фаъолияти муштарак барои солҳои 2020-2021 имзо карданд.

4/10
Имзои санадҳои ҳамкорӣ дар Тошканд
© Пресс центр службы администрации столицы Узбекистана. "Гашту гузор" - и Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Тошканд
Гашту гузор - и Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Тошканд   - Sputnik Тоҷикистон
5/10
"Гашту гузор" - и Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Тошканд
© Официальный сайт хокимията города ТашкентаРустами Эмомалӣ бо биноҳои нав дар пойтахти Узбакистон шинос шуд. Ба ӯ Қасри Humo Arena, Боғи Наврӯз, бинои нави шӯъбаи полиси ноҳияи Юнусобод, шаҳри Тошканд, ва осорхонаи хонум Тусса нишон доданд.
Рустаму Эмомали в Ташкенте показали Humo Arena и музей Мадам Тюссо - Sputnik Тоҷикистон
6/10
Рустами Эмомалӣ бо биноҳои нав дар пойтахти Узбакистон шинос шуд. Ба ӯ Қасри Humo Arena, Боғи Наврӯз, бинои нави шӯъбаи полиси ноҳияи Юнусобод, шаҳри Тошканд, ва осорхонаи хонум Тусса нишон доданд.
© Официальный сайт хокимията города ТашкентаРустами Эмомалӣ дар осорхона мазкур нусхаҳои раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп, Елизавет II ва дигар ҳунармандони голливудро тамошо кард.
Рустаму Эмомали в Ташкенте показали Humo Arena и музей Мадам Тюссо - Sputnik Тоҷикистон
7/10
Рустами Эмомалӣ дар осорхона мазкур нусхаҳои раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп, Елизавет II ва дигар ҳунармандони голливудро тамошо кард.
© © Пресс-служба президента УзбекистанаАз шаҳри Тошканд раиси шаҳри Душанбе озими Самарқанд гардид ва оромгоҳи Ҳазрати Хизрро зиёрат кард.
Сегодня Председатель города Душанбе Рустами Эмомали посетил древний город Самарканд - Sputnik Тоҷикистон
8/10
Аз шаҳри Тошканд раиси шаҳри Душанбе озими Самарқанд гардид ва оромгоҳи Ҳазрати Хизрро зиёрат кард.
Гузашта аз ин Рустами Эмомалӣ аз оромгоҳи нахуст раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дидан кард.
Рустам Эмомали в Самарканде  - Sputnik Тоҷикистон
9/10
Гузашта аз ин Рустами Эмомалӣ аз оромгоҳи нахуст раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дидан кард.
© © Пресс-служба президента УзбекистанаРустами Эмомалӣ хотираи Ислом Каримовро эҳтиром кард ва дар қабраш дуо хонд.
Рустам Эмомали в Самарканде у могилы Ислама Каримова - Sputnik Тоҷикистон
10/10
Рустами Эмомалӣ хотираи Ислом Каримовро эҳтиром кард ва дар қабраш дуо хонд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала