"Фу мегум, фу ": шикваи Фирӯза Ҳафизова дар намоҳанги ҷадидаш аз ғайбати мардум

Обуна шудан
Намоҳанги ҷадиди Фирӯза Ҳафизова таҳти унвони "Фу мегум фу" тоза ба шабакаи YouTube роҳ ёфт ва дар кӯтоҳтарин фурсат он аз ҷониби даҳҳо тамошобин писандида шуд

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. "Фу мегум, фу" намоҳанги ҷадиди Фирӯза Ҳафизова, сарояндаи маъруфи Тоҷикистон аст, ки як рӯз қабл ба шабакаи иҷтимоии  YouTube роҳ ёфт.

Фируза Хафизова - Sputnik Тоҷикистон
Ваъда додӣ - вафо кун: Фирӯза Ҳафизова дар Маскав консерт мегузорад

Дар намоҳанги мазкур Фирӯза аз шеваи бархӯрди мардум ба ҳаёти шахсӣ ва ҳунарии худ нигаронӣ мекунад, ва изҳор медорад, ки дар қиболи ӯ ҳар гуна гапҳо носазо гуфта мешавад.

"Гоҳе маро маст мебароранду гоҳе девона, гӯё ман бахил ҳастаму дуруғгӯ. Охир шумо ба ман чӣ кор доред", - бо шиква мегӯяд Фирӯза дар суруди ҷадидаш.

Як марду чил ҳунар: нахустин барномаи Қадами Қурбон бо Фирӯза Ҳафизова

Сарояндаи тоҷик аз он изҳори ғамгинӣ мекунад, ки дар айёми ҷавонияш ӯро мардум ба ҳоли худ намегузоранд ва аз пасаш ҳар гапи дурӯғу сафсата мебофанд ва ӯро пайваста ғайбат мекунанд.

Аз ин рӯ, Фирӯза бо хитоб ба мардумони ғайбатчӣ  фу гуфта, мегӯяд дилаш аз ин хел одамон мешӯрад.

Намоҳанги ҷадиди Фирӯза, ки санаи 4 - уми декабр дар канали Afghan Smart дар YouTube нашр шуд, беш аз 40 ҳазор нафар онро тамошо намуда писандиданд.

Ҳарчанд аксар тамошобинон аз шеваи сурудхонии ин сарояндаи тоҷик истиқбол мекунанд, вале кам нафароне ҳам нестанд, ки ҳунари Фирӯзаро ғайри қобили қабул медонанд.

Намоҳанги мазкурро 353 нафар написандиданд ва зери он шарҳҳои манфиро коштанд. Аз ҷумла, Шаҳбоз Одинаев навиштааст:

"Даф шав, ягон маънӣ надорад, ақалан ягон суруди соз мехондӣ, шаъну эътибори худатро паст кардӣ".

Барои Zara Farozova як корбари дигари шабакаи YouTube низ суруди ҷадиди ин сароянда писанд наомад ва ӯ навиштаст, ки "Фирӯза аз рости девона будаст".

Фирӯза Ҳафизова сарояндаи саршиноси Тоҷикистон борҳо мавриди хандахаши мардуми тоҷик қарор гирифт ва бисёриҳо ӯро барои либоспӯшӣ, аксар барои тарзи ҳарфзании ӯ ва қисмати дигар барои тарзи ҳаёти нодурусташ интиқод мекарданд.

Лентаи хабарҳо
0