Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Худоёрзода натиҷаҳои соли 2019 дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистонро ҷамъбаст кард

© Министерство транспорта РТМинистр транспорта Республики Таджикистан Худоёрзода Худоёр Завкибек
Министр транспорта Республики Таджикистан Худоёрзода Худоёр Завкибек - Sputnik Тоҷикистон
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёров дар ҷаласаи намояндагони ТРАСЕКА ва кишварҳои нозир натиҷаҳои соли 2019 - ро ҷамъбаст кард

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik.  Ҷаласаи 14-уми ТРАСЕКА ва конфронс бахшида ба 20-солагии таъсисёбии долони нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё дар Боку баргузор гардид. Дар он намояндагони созмонҳои байналмилалӣ имкони тавсеаи долони нақлиётиро баррасӣ намуданд.

Дар конфронси мазкур Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёров низ иштирок намуда, натиҷаҳои соли 2019 дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистонро ҷамъбаст намуд.

"Ҳукумати Тоҷикистон тавассути ҷалби сармояи хориҷӣ, маблағҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва маблағҳои кишварҳои донор,  лоиҳаҳои барқарорсозии инфрасохтори нақлиётии кишварро пиёда намудааст", - изҳор намудаст Худоёров зимни суханронии худ.

Вазири нақлиёт барои мисол таҷдид гардидани роҳҳои Душанбе-Карамиқ то сарҳади Қирғизистон, Душанбе-Чамак ва Душанбе-Турсунзода то сарҳади Узбакистон ва ҳамзамон қисман таъмир гардидани роҳ ба сӯи сарҳади Чин, таъкид кард.

Министр транспорта Худоёр Худоёров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори вазири нақлиёт аз зимистони сард

Худоёров  аз сохтмони пул болои дарёи Панҷ низ зикр намуд, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон пайваст кард.

Раҳмон ба Худоёрзода Худоёр вазири нақлиёти Тоҷикистон вазифаи нав дод

Гузашта аз ин Вазири нақлиёт қайд намуд, ки ин тадбирҳо имкон медиҳанд, то ҳаҷми боркашонии молу коло  байни Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ТРАСЕКА, аз ҷумла бо Қирғизистон, Узбакистон, Туркия, Эрон ва Озарбойҷон афзоиш ёбад.

Худоёрзода сохтмони хати роҳи оҳани Ваҳдат - Ёвон низ зикр кард, ки бо ба истифода додани шудани роҳи оҳан  маркази ҷумҳурӣ бо ҷануби кишвар пайваст шуд.

Зимнан, Вазири нақлиёт аз пешравӣ дар кори системаи авиатсионӣ зикр намуда гуфт, ки айни замон дар Тоҷикистон 4 фурӯдгоҳи байналмилалӣ фаъолият мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала