Миралибеков "Гамлет" - и Шекспирро рӯйи саҳна овард

© Фото : Кадр из фильма "Сон обезьяны"Баходур Миралибеков, архивное фото
Баходур Миралибеков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Фардо, 7 - уми декабр нахустнамоиши спектакли "Гамлет" дар театри Лоҳутӣ пешкаши тамошобинон хоҳад шуд. Спектакли мазкурро Баҳодур Миралибеков рӯи саҳна овардаст

Санаи 7 декабр, соати 14:00 нахустнамоиши спектакли "Гамлет"-и Театри русӣ-драмавии ба номи Владимир Маяковскийи шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Намоишномаи Бухорои Шариф дар ҷашнвораи Парасту. 15 июни соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Шоҳҷоиза ба "Фирдавсӣ", ҷои якум ба "Хусраву Ширин" ва "Қорӣ Ишкамба": "Парасту-2019"

Чун театри мазкур бино надорад, намоиш дар ошёнаи 3-юми театри Лоҳутӣ пешкаши тамошобин хоҳад шуд.

"Гамлет" фоҷеаи бемисли драматурги инглис Виллиам Шекспир буда, онро саррежиссёри театр Баҳодур Миралибеков рӯйи саҳна овардааст. Нақши "Гамлет"-ро ҳунарпешаи театр Хуршед Мустафоев иҷро мекунад. Ҳамчунин ӯ ба сифати ёвари режиссёр, ороишгари либос ва мусиқӣ дар ин намоиш саҳм гирифтааст.

"Хоби ҳамдуна"-и коргардони тоҷик дар ҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт

Аъзои шӯрои бадеии назди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, театршинос Муҳаммадулло Табарӣ, ки дар рӯзи қабули намоиш ширкат дошт “Гамлет”-ро яке аз корҳои барҷастаи режиссёр Баҳодур Миралибеков арзёбӣ мекунад:

"Дар 1 соату 40 дақиқа режиссёр тавониста, ки бо шеваи ҷадид, ба суоли асосии Шекспир – “Быть или не быть” посух ҷӯяд. Ҳоло нахустнамоиш нашудааст, вале бовар дорам, ки тамошобинро як спектакли диданӣ ва андешиданӣ интизор аст", - изҳор намудаст Муҳаммадулло Табарӣ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала