Муноқишаи дипломатӣ миёни  Русия ва Олмон ба чӣ оварда мерасонад

Обуна шудан
Муноқишаи дипломатӣ байни Олмон ва Русия сар задааст. 4 декабр Вазорати корҳои хориҷии Олмон ихроҷ шудани ду дипломати русро аз кишвар эълом кард. Мо сабабҳои ин тасмими Берлинро шарҳ медиҳем

Олмон ва Русия дар марҳилаи оғози муноқиша қарор доранд. Сабаб ин қарори Берлин дар бораи хориҷ кардани ду дипломати рус аз кишвар аст дар робита бо куштори шаҳрванди Гурҷистон моҳи августи соли равон.

Мақомот мегӯянд, ки гумонбар шаҳрванди Русия аст ва Русияро дар он айбдор кард, ки намехоҳад ба тафтишот кӯмак кунад. Ҳамзамон, дар Маскав ин айбдоркуниҳо ва ҳама гуна робита бо ин ҳодиса рад карда мешавад.

"Ин парванда, албатта, бо давлати Русия ва мақомоти расмӣ ҳеҷ иртиботе надорад. Ман намедонам, беҳтараш аз Вазорати корҳои хориҷӣ пурсед, ки шаҳрванди Русия дар он ҷо чикора буд, оё онҳо шаҳрвандони Русия буданд ё не. Аммо ман бо боварӣ мегӯям, ки ин ҳодиса ба мақомоти  Русия иртиботе надорад", - гуфт Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия.

Вазорати корҳои хориҷии Русия қарори Берлинро ноадолатона  номида, ваъда додааст, ки вокуниш нишон хоҳад дод. Дар ҳамин ҳол, коршиносон ин ҷанҷолро ба сохтмони лӯлаи гази “Северный поток - 2”, ки аз ин ИМА, Польша ва кишварҳо Балтика норозианд рабт доданд.

Вашингтон кайҳо боз талош мекунад, то ин лоиҳаро халалдор кунад, аз чумла тавассути фишори бевосита ба Олмон. Эҳтимол аст, ки мухолифони сохтумони лӯлаи газ боз як ҷанҷоли монанд  ба “Скрипал”-ро оғоз карданд, то ки муносибатхои байни Москва ва Берлинро халалдор кунад.

Умед аст, ки дар Олмон ақли солим ва равиши прагматикӣ ҳоло ҳам вуҷуд доранд ва пирӯз хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0