Ҷаҳди доварони тоҷик барои ба даст овардани сертификати довари дараҷаи байналмилалӣ

© © Федерация таэквон-до и кикбоксингаТэквондо, архивное фото
Тэквондо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар сурати гузаштан аз санҷиш сафи доварони дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон меафзояд. Тоҷикистон феълан 5 нафар довари дараҷаи байналмилалӣ дорад

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Аз 8 то 16 декабри соли равон дар шаҳри Рязани Федератсияи Руссия семинари байналмилалӣ барои доварони таеквандои ҷаҳонӣ доир мегардад, хабар медиҳад Федератсияи таеквандони Тоҷикистон.

Боковой судья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муроҷиати мухлисони футбол ба ноиби Президент: доварон ришва мегиранд ё бесаводанд - видео

Ба иттилои раиси Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев, барои иштирок дар семинари байналмилалии омӯзишӣ 9 довар аз Тоҷикистон ба Рязан сафарбар гардиданд. 

Узрхоҳии дубораи Комроншоҳи Устопириён: доварон ва мухлисон иштибоҳ накардаанд

"Се нафар довари дараҷаи байналмилалӣ – Давлатшоҳ Мирзоев, Вафоназар Алиназаров, Ошӯр Ошурмамадов дар курси такмили ихтисос ширкат мекунанд, шаш нафари дигар – Фирӯз Файзиев, Бахтовар Шарипов, Умед Саъдуллоев, Зиёвуддин Маҳмудов, Фахриддин Ҷумъаев ва Даврон Назруллоев дар семинари омӯзишӣ иштирок карда, сипас барои дарёфти сертификати довари дараҷаи байналмилалӣ санҷиш месупоранд. Дар сурати гузаштан аз санҷиш сафи доварони дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон меафзояд”, - иброз дошт Ҷ. Қармишев.

Довари бозии мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Испания муайян шуд

Феълан дар Тоҷикистон 5 нафар довари дараҷаи байналмилалӣ ҳасанд, ки 3 нафарашон фаъолият мекунанд ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ қувваозмоиҳоро ҳакамӣ менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0