Эълони афв: раисҷумҳур дар як сол ду маротиба қонуни афв имзо кард

© SputnikАмнистированные заключенные Вахдатской колонии
Амнистированные заключенные Вахдатской колонии - Sputnik Тоҷикистон
Агар моҳи июни соли равон тибқи қонуни афв 575 маҳбус аз зиндон озод шуданд, ин навбат 92 нафари дигар ба озодӣ мебароянд

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Раисҷумҳури  Узбакистон Шавкат Мирзиёев  дар арафаи 27-умин солгарди таҷлили рӯзи Конститутсия фармон "Дар бораи афв кардани як гурӯҳ шахсоне, ки муддати ҷазоро мегузаранд, аз кардаи худ сахт пушаймонанд ва қатъиян мехоҳанд худро ислоҳ кунанд"-ро имзо кард.

Амнистированные заключенные Вахдатской колонии - Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Суғд 540 нафар аз мутаҳамон ба ифротгароӣ аз маҳбас озод шуданд

Дар ин фармон омадааст, ки ба муносибати 27-солагии қабули Қонуни асосӣ ва бар асоси банди 23-юми моддаи 93-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Узбакситон 92 нафар шаҳрванд, ки дониставу надониста даст ба ҷиноят задаанд, алҳол барои ин ҷиноят сахт пушаймон ҳастанд ва қотеъона ба роҳи ислоҳ ворид шуданианд, афв карда мешаванд.

Аз ин шумор 20 нафар аз иҷрои муҳлати ҷазо комилан озод мешавад. Ҳамчунин  37 нафар пеш аз мӯҳлат шартан озод карда мешаванд, муҳлати ҷазои 16 нафар ба мӯҳлати нисбатан сабук иваз карда мешавад.

Боз беш аз 700 нафари дигар аз зиндонҳои шаҳри Бохтар ва ноҳияи Дӯстӣ озод шуд

Ба ибораи дигар, 73 нафар аз муассисаҳои иҷрои ҷазо озод карда мешаванд ва таҳти назорати кормандони хизмати пробатсия қарор мегиранд. Муддати сипарӣ намудани ҷазои 19 нафар коҳиш дода шуд. Синни 3 нафари афвшудагон аз 60 болост. 3 нафари дигарро занҳо ташкил мекунанд. 79 нафар аз шумори афроде мебошанд, ки дар созмонҳои манъшуда фаъолият кардаанд.

Амнистия заключенных в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Афв идома дорад: аз муассисаҳои ислоҳӣ дар ноҳияи Ёвону Норак 970 маҳбас озод шуд

Зимнан, чандин роҳбарони идораву вазоратҳои марбута муваззаф шудаанд, то шахсони бар асоси фармони афв озодшуда ба назди пайвандони худ баргардонида шаванд. Ҳамзамон, барои он ки ин афрод ба маҷрои ҳаёти осуда мутобиқ  ва ба тарзи ҳаёти солим одат кунанд, ёрии лозима расонида шавад.

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Узбакситон моҳи июни соли равон ба муносибати иди Рамазон 575 нафар зиндониро афв карда буд. Аз ин шумор 361 нафар зиндонӣ ба назди пайвандони худ баргаштанд. Муҳлати ҷазои 214 нафар коҳиш дода шуд. Дар миёни афвшудагони собиқ 7 нафарро шахсони аз синни 60 боло, 6 нафарро зан ва як нафарро шаҳрванди кишвари хориҷӣ ташкил мекарданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала