“Шӯриши Восеъ” хатсайри нави сайёҳӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкТуристы идут в поход
Туристы идут в поход - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон хатсайри нави сайёҳӣ таҳти унвони “Шӯриши Восеъ” ташкил карда шуд

ДУШАНБЕ, 8 дек - Sputnik. Бино бар иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ барои фароҳам овардани шароити арзанда ва инфрасохтори сайёҳии ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои муосир, бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ба мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон хатсайрҳои сайёҳии нав таъсис ёфтанд.

Хлопок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон гардишгаронро "пахтачинӣ" мебаранд: хатсайри нави сайёҳӣ

Тавре манбаъ қайд намудааст, хатсайри сайёҳии “Шӯриши Восеъ” натиҷаи ҳамкории зичи Кумитаи рушди сайёҳӣ бо Осорхонаи Восеъ дар ноҳияи Ховалинг буда, ба рушди сайёҳӣ дар ин минтақа равона шудааст.

Хатсайри сайёҳии “Шӯриши Восеъ” 2 шабу 3 рӯзро дар бар гирифта, сайёҳон метавонанд ҳам гурӯҳӣ ва ҳам фардӣ саёҳат намоянд.

Тибқи хатсайр, сайёҳон аз Душанбе тавассути ноҳияи Данғара аз мавзеъҳои қалъаи “Мири Балҷувон”, бошишгоҳи одамони асри санг дар деҳаи Кулдара, маъбади Буддои деҳаи Чепол (Чепи вол), “Чил чанор”, “Чашмаи Қазон”, мақбараи “Хоҷа Аюби Ансорӣ”, осорхонаи марказии ноҳияи Ховалинг, осорхона ва зодгоҳи Восеи қаҳрамон дар деҳаи Дараи Мухтор, Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ дидан менамоянд.

“Омода ва роҳандозии хатсайри “Шӯриши Восеъ” барои шиносоӣ бо ҳаёт ва зиндагии мардуми ноҳияҳои Ховалингу Балҷувон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром аз миллат ва фарҳангу тамаддуни он, шиносоӣ аз дастовардҳои замони истиқлолият дар ин ноҳияҳо, инчунин боз ҳам устувор гардидани ваҳдати миллӣ, ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ба диёри зебоманзари Ховалингу Балҷувон мусоидат хоҳад намуд”, — таъкид намудааст  Кумитаи сайёҳӣ.

Лентаи хабарҳо
0