Дарёфти ҷасади ҳуқуқшинос ва пизишк - сокини 41-солаи Душанбе дар "Кӯли ҷавонон"

© Sputnik / Александр Пирагис / Гузариш ба медиабонкНаҷотдиҳанда, акс аз бойгонӣ
Наҷотдиҳанда, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин мард пас аз баҳси хонаводагӣ аз хона берун рафта дигар барнагаштааст. Рӯзи 8 декабр ҷасади ӯро дар "Кӯли ҷавонон" дарёфт кардаанд

ДУШАНБЕ, 9 дек - Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз пайдо шудани ҷасади як сокини 41-солаи пойтахт, ки чанде пештар баъди муноқишаи хонаводагӣ бедарак шуда буд, хабар медиҳад. 

Гуфта мешавад, ин мард баъди баҳси хонаводагӣ аз хона берун рафт ва дигар барнагаштааст.

Тибқи иттилои КҲФ, ҷасади ӯро баъд аз зуҳри рӯзи 8-уми декабри соли равон наҷотдиҳандагони Маркази наҷоти Кумита дар кӯли Ҷавонон пайдо карданд  ва барои ташхису таҳқиқ ба мақомоти дахлдор супурдаанд.

Машина скорой помощи - Sputnik Тоҷикистон
Бо кумаки сафорат: ҷасади муҳоҷирони Тоҷикистон ба ватан интиқол меёбад

Бино ба гузориши ин ниҳод, мард сокини ноҳияи Синои пойтахт буда, соҳиби ду маълумоти олӣ: тиббӣ ва ҳуқуқшиносӣ будааст.

"Аз марҳум ду фарзанди ноболиғ ятим мондаанд", - омадааст дар хабарнома.

Ҷузъиёти дигари ин қазия то ҳол рушан нест. Мақомоти салоҳиятдор ба тафтиши омилҳо ва сабабҳо пардохтаанд. 

Маврид ба ёдоварист, ки зарфи се рӯзи охир ин дуюмин ҳодисаест, ки кормандони наҷоти КҲФ ҷасади фавтидагонро аз об берун меорад.

Боқимондаҳои ҷасади сайёҳи рус, ки дар рӯди Хингоб ғарқ шуда буд, пайдо гардид

Рӯзи 6-уми декабр низ ҷасади як сокини шаҳри Конибодом дар ҳавзи моҳипарварии ҶСК “Бодом” пайдо шуд.

Лентаи хабарҳо
0