Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Дар Хуҷанд 35 тонна маҳсулоти доруворӣ ва хӯрока пастсифату муҳлатгузашта нобуд карда шуд

© Sputnik / Виктор ТолочкоУничтожение санкционных продуктов
Уничтожение санкционных продуктов - Sputnik Тоҷикистон
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд дар давоми 11 моҳи соли равон беш аз 24 ҳазор килло маводҳои хӯрокаи пастисифат ва муҳлати истифодаашон гузашта аз марказҳои савдо ва анборҳо мусодира карда аст

ДУШАНБЕ, 9 дек - Sputnik. Дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби сохторҳои Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд беш аз 35 тонна маҳсулоти доруворӣ, хӯрока, ширинӣ, шустушӯйии пастсифат ва муҳлаташ гузаштаю ба талаботи меъёрҳои беҳдоштӣ ҷавобгӯй набуда, нобуд карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд.

Сотрудница аптеки разбирает лекарства, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нобудсозии наздик ба 19 ҳазор доруворӣ ва оғози 155 парвандаи маъмурӣ нисбати соҳибкорон

Манбаъ қайд намудааст, ки кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд давоми ду моҳи охир 1094 кило маводҳои хӯрока, 2400 кило маводҳои шустушӯйӣ аз анборхонаву марказҳои тиҷоратӣ дарёфт карданд.

Шаҳрдории Хуҷанд таъкид намудааст, ки ин маҳсулот асосан ба воситаи қочоқ ба қаламрави кишвар ворид гардида, дар натиҷаи бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ аз ҷониби соҳибкорон ва ширкатҳо ихтиёран ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидеологии шаҳри Хуҷанд бо мақсади маҳвнамоӣ супорида шудааст.

Ҳамзамон манбаъ хабар додааст, ки дар давоми 11 моҳи соли равон дар  шаҳри Хуҷанд беш аз 24 ҳазор килло маводҳои хӯрокаи пастисифат ва муҳлати истифодаашон гузашта аз марказҳои савдо ва нигоҳдошти молу маҳсулот мусодира карда шуданд.

Ин ҳама маҳсулоти пастсифатро баъди хулосаи судӣ ва мақомоти дахлдор бо таҳияи санадҳои лозимӣ дар минтақаи партовҷамъкунии шаҳри Хуҷанд бо роҳи сӯзонидан несту нобуд намуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала