ВКД донишҷӯи ДМТ- ро дар садамаи мошини Ёрии таъҷилӣ гунаҳкор намуда, ҷарима баст

© акс аз саҳифаи РВКДРустамов Шаҳриёр гунаҳкори садамаи мошини Ёрии таъҷилӣ дар Душанбе
Рустамов Шаҳриёр гунаҳкори садамаи мошини Ёрии таъҷилӣ дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон ронандаи худрави "Тайота - Кемри" - ро дар садамаи мошини Ёрии таъҷилӣ гунаҳгор намуда, ҷарима баст

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Раёсати ВКД мегӯяд, садамаи мошини Ёрии таъҷилӣ ба айби ронандаи худрави "Тайота - Кемрӣ", донишҷӯи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон рух додаст.

Ба иттилои котиботи РВКД, Рустам Шаҳриёри 19 - сола, донишҷӯи ДМТ ба талаботи чароғаки раҳнамо итоат накарда, бо суръати баланд, роҳро дар ранги сурхи чароғак убур карда ба мошини ёрии таъҷилӣ бархӯрд.

Дар натиҷа мошини Ёрии таъҷилӣ бо се нафар духтур ва ронанда чаппа шуд.

Манбаъ меафзояд,  дар натиҷаи ин тасодуф талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале ҳарду автомашина зарари техникӣ дидаанд.

"Мувофиқи қонунгузорӣ ба воситаҳои нақлиёти Ёрии таъҷилӣ, сухторхомӯшкунӣ ва як қатор воситаҳои нақлиёти дигар ҳангоми ҳаракат дар роҳ бартарӣ дода шуда, дигар ронандагон ӯҳдадор мебошанд, ки ба онҳо роҳ кушода, монеи ҳаракати чунин воситаҳои нақлиёт нагарданд", - омадааст дар хабар.

Зимнан, нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемрӣ, тибқи моддаи 333-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Автомобили, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи маргбор: кӯдаки 3-сола зери чархи мошин ба ҳалокат расид

Тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон таъмири автомашинаи Ёрии таъҷилӣ ба зиммаи Рустамов Шаҳриёр вогузошта шуд.

Ёдовар мешавем, ки санаи 1 - уми декабр соати тақрибан 14 дар кӯчаи Беҳзод дар чорроҳаи боғи ба номи Алишер Навоӣ садама рух дод.

Садамаи маргбор дар ноҳияи Кушониён: марде ҳалок ва ду ронанда бистарӣ шуданд

Сомонаи "Оила" видеои нодири лаҳзаи садамаи мошини "Ёрии таъҷилӣ” дар шаҳри Душанберо нашр намуд. 

Ба наворбардор муяссар шудааст, ки дақиқан лаҳзаи садамаро ба навор бигирад. Дар видео дида мешавад, ки чӣ гуна мошини "Ёрии таъҷилӣ” дар роҳ чаппа шуда, баъди чаппашавӣ боз чандин метри дигар лағжида меравад.

Лентаи хабарҳо
0