Санҷиши дониш: номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ аз забони давлатӣ имтиҳон месупоранд

© Sputnik / Алексей МальгавкоДиктант
Диктант - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бахтиёр Худоёрзода дар ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон қарор намуд, ки сатҳи донистани забони давлатии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ санҷида шавад

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Барои муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ, комиссияи санҷишӣ таъсис дода шуд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
"Пул надорад!” Дархости Зойиров аз Раҳмон дар бораи лағви гарави интихоботӣ

Қарори мазкур аз ҷониби раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дар ҷаласаи навбатӣ, ки имрӯз доир гардид, гирифта шуд.   

Зикр гардид, ки ба ҳайати комиссияи мазкур забоншиносони ботаҷрибаи ҷумҳурӣ шомил буда, аз ҷониби онҳо сатҳи донистани забони давлатӣ санҷида мешавад.

Дар Душанбе дар рӯзи интихоботи парлумонӣ 70 адад ҳавзаҳои интихоботӣ таъсис дода мешавад

Дар ҷаласа инчунин масъалаи омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони мардумӣ аз ҳавзаҳои якмандатаи интихоботӣ муҳокима шуд.

Тибқи муқаррароти қонунгузорӣ дар ҳудуди мамлакат 41 комиссияи ҳавзаи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ таъсис дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки 4 декабри соли равон фармони раисҷумҳури  Тоҷикистон "Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ" ба имзо расид.

Ҳизбҳои демократ ва комунисти Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ омода ҳастанд

Тибқи фармони мазкур, интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот 1 марти соли 2020 доир мегардад.

Инчунин муқаррар гардидааст, ки интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2020 баргузор карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0