Ҳалокати дучархарон ва як духтари пиёдагард дар ду садамаи нақлиётии ахир

© Sputnik / Стас ЭтвешДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор хабар додааст. Дар ду садамаи ахире, ки дар роҳҳои Тоҷикистон рух додааст як дучархарон ва як пиёдагарди ҷавон ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ду садамаи маргбори ахир ду шаҳрванд ба ҳалокат расидааст.

Тибқи иттилои манбаъ, рӯзи 11-уми декабри соли равон, ронандаи автомашинаи номаълум ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Кучкак-Исфара-Гулистон”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳраки ноҳияи Исфара, дучархарон, Назиров Ёсин Ваҳҳобович, соли таваллудаш 1965, сокини ҷамоати деҳоти Чилгазии ҳамин ноҳияро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

Автомобили, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи маргбор: кӯдаки 3-сола зери чархи мошин ба ҳалокат расид

Дар натиҷа, дучархарон Назиров Ёсин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Дар ҳамин ҳол, ВКД таъкид намудааст, ки аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Ландкрузер”, Рӯзиматов Носир, соли таваллудаш 1984, сокини ҷамоати деҳоти Навгилеми ноҳияи мазкур, бо гумони пахш намудани дучархарон дастгир шудааст.

Ҳамзамон бино бар иттилои ВКД Тоҷикистон санаи 11-уми декабри соли равон, ронандаи автомашинаи “Мерседес-Бенс”, Абдиев Фармон, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳудуди кӯчаи Н.Қарабоеви шаҳри Душанбе пиёдагардон, Сангова Мақсуда Зафаровна ва Худойназарова Маҳина, соли таваллудашон 2000, сокинони кӯчаи Ҳосилоти ноҳияи Фирдавсиро пахш намудааст.

Дар натиҷа, Сангова М.З. ва Худойназарова М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

“Мутаассифона, пиёдагард Сангова М.З. аз сабаби ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст”, - қайд намудааст манбаъ.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқотро идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0