Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои итолёии худ вохӯрд ва ӯро ба Тоҷикистон даъват кард

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Аслов, архивное фото
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Аслов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамтои хешро ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои сатҳи баланд дар Тоҷикистон дар соли 2020 даъват намуд

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Имрӯз дар Рим дар ҳошияи Конфронси байналмилалиӣ таҳти унвони "Италия ва Осиёи Марказӣ: таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва шарикӣ” вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Италия Луиҷӣ Дӣ Майо баргузор гардид.

Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Аслов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аслов аз ҳалокати занону кӯдакон дар ҳамла ба постгоҳи Ишқобод гуфт

Ба иттилои котиботи Вазорати умури хориҷии Тоҷикисмтон, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италияро баррасӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла амният ва муҳити зист мубодилаи афкор намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи вижаи Иттиҳоди Урупо дар чӣ бора суҳбат кард

Ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамтои хешро ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои сатҳи баланд дар Тоҷикистон дар соли 2020, аз ҷумла конфронсҳои навбатӣ оид ба хатару чолишҳои амниятӣ ва татбиқи  «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» даъват намуд.

Лентаи хабарҳо
0